logo

иҷтимоиёт

ХУРОФОТ. ЧӢ ГУНА ОНРО БАРҲАМ ЗАНЕМ?

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз қонунҳои сирф миллӣ маҳсуб меёбад, зеро он ба ҳимоя аз манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон  мусоидат намуда, ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ  ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ равона гардидааст. Яъне, зимни таҳия ва тасвиби ин қонун манфиати иқтисодӣ  ва ҳаёти маънавии шаҳрвандон ба инобат гирифта шудааст.

Қаблан, дар деҳоти кишвар маросими хатнасури фарзандон бо даъвати зиёди мардум ва бо сарфи  гӯшношуниди пулу мол, бузкашию гӯштингирӣ ва забҳи чорво (ақиқа) баргузор мешуд, ки ба маротиб коҳиш ёфт. Метавон гуфт, ки  бо қабули ин қонун зиндагии мардум ба низом даромад. Агар то қабули қонун дар ҳудуди шаҳру навоҳии мамлакат беш аз 70 номгӯйи ҷашну маросимҳо, амсоли тӯйҳои хатнасур, домодию арӯсӣ, дафну азодорӣ, ҳаҷу зодрӯз ва ғайра арзи вуҷуд доштанд, ҳоло онҳо ба 15 адад расонда шуданд.
Албатта, тӯли ин муддат дар баъзе мавридҳо вайрон гардидани талаботи қонуни амалкунанда аз ҷониби шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд. Ин ҳам бошад, берун аз муқаррароти ҷорӣ худсарона доир намудани маъракаҳои дабдабанок, вайрон кардани талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ғайраҳо мебошанд. 
Бо вуҷуди андешидани чораҳои муассир, дар риояи баъзе талаботи қонун ҳанӯз ҳам саҳлангориҳо дида мешаванд. Барои барҳамзании хурофотҳои ҷойдошта пешниҳодҳои зерин манзур мегарданд.
Аввалан, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати ҳадгузорӣ ба мавзӯи мавъизаҳои имомон ва муллоёни минбар дастур таҳия намоянд. Ин аз он ҷиҳат муҳим аст, ки мардуми одӣ ҷиҳати риояи ин ё он , пеш аз ҳама, аз муллоён машварат мепурсанд. Дуюм, камтар кардани шумораи иштирокчиёни маросимҳои хайру худоӣ ба мақсад мувофиқ аст. Дар ин самт фаъолияти бахшҳои кумитаи масъул дар маҳалҳо бояд ҷоннок гарданд. Мудирони бахшҳои кумита дар маҳаллаҳо аз ҳисоби шахсони ба давлату миллат содиқ, берун аз таассуби диниву мазҳабӣ интихоб гарданд.
Абдулло  ҲАБИБУЛЛО,
ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,
доктори илмҳои физика ва математика, профессор,


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2017    №: 119    Мутолиа карданд: 179

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед