logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. ЧАНД ПЕШНИҲОД

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воқеан, шаклан ва мазмунан қонуни миллии мо маҳсуб мешавад. Амали дурусти он тавонист мардумро аз зери бори гарони зиёдаравӣ раҳо бинамояд ва имкон барои зиндагии осударо фароҳам бисозад.
Дар ояи 185 – и сураи Бақараи Қуръони маҷид таъкид мешавад, ки «Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад». Яъне, тавре бармеояд, ин қонун бо дин ҳеҷ мухолифат надорад, баръакс барои осонии зиндагии мардум қабул гардидааст. Инчунин, қонуни мазкур барои аз байн бурдани амалҳои нозарур, бидъату хурофот, ки ба ҷашну маросимҳои миллӣ иртибот надоранд, ба тасвиб расидааст. Он ҳамзамон барои пойдории беҳтарин ҷашну маросимҳои  миллӣ  мусоидат менамояд. Чунин ҳақиқатро вақт бори дигар собит сохт. Аз ин рӯст, ки дигар кишварҳо низ бо такя ба қонуни миллии мо ба тасвиби қонун монеи пеши зиёдаравиҳои шаҳрвандонашон гардиданд.
Албатта, вобаста ба таҷлили 10 – солагии қонун, фикр мекунам, ки он бо тағйироти ҷузъӣ ҳам бошад, аз нав нашр мегардад. Зарур аст, ки бо теъдоди зиёд ба табъ расад, то дастраси ҳар оила дар кишвар бишавад. Тарғибу шарҳи он низ бояд аз ҷониби масъулон беҳтару бештар сурат бигирад.
Фикр мекунам, ки ҷумлаи «Ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила  гузаронида мешавад» - и моддаи 8 ба андак тавзеҳ ниёз дорад. Дар доираи оила, албатта, он гузаронида мешавад, аммо шояд бо иштироки  зиёди одамони  гуногун, ба ҷуз аҳли оила ва пайвандон. Агар ифодаи «доираи оила» марбут танҳо  ба аъзои оила бошад, дар ин сурат иштироки дигар пайвандони наздики насабӣ фаҳмида намешавад, ҳол он ки набояд чунин бошад.
 Дар моддаи 9 – и қонун, фикр мекунам, ки ин банд зиёдатист: «Падару модарон ва шахсони парастор метавонанд аз маблағҳои  сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи фарзандон бо шартҳои имтиёзнок ва бо кафолатҳои давлатӣ суратҳисоб кушоянд». Ин «маблағҳои сарфшуда» дар ин модда аз хатнасур аст. Дуруст биандешем, ки оё дар хатнасурҳо, гурӯҳи бисёр ками сарватмандон ва ё вазифадорон истисност, чунин маблағ ба вуҷуд меояд? Не. Ба ҷуз ин, банди мазкур бояд ҳукми қонунро  дошта бошад, на як тавсия ё маслиҳатро. Махсусан, дар ин шабу рӯз, ки бонкҳо ба муфлисшавӣ рӯ оварданд ва маблағҳои шаҳрвандонро бе шартҳои имтиёзнок ҳам дода наметавонанд, ин гуна тавсия ё худ маслиҳат ба мақсад мувофиқ нест.  Моддаи 9 бе ин қисмат ҳам худ мукаммал мебошад.
Дар моддаи 11 омадааст, ки «Маросими «чил» ба таври ихтиёрӣ бо иштироки то 80 нафар бо додани як таъом гузаронида мешавад». Ба пуррагӣ ба ин қисмат мувофиқем, аммо дар баъзе маврид ин шумора на ба ихтиёри соҳибони маърака меафзояд. Инчунин, онҳо наметавонанд, ки шахсони бе даъват омадаро напазиранд. Баъзе аз ин шахсон дертар хабари марги шахси наздикашонро  мешунаванд ва бо иштирок дар ин маърака мехоҳанд изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият  бинамоянд.
Дар қисмати охири ин моддаи 14 баргузории тӯю маросимҳо дар рӯзҳои  истироҳат аз соати 8 то 23 муқаррар гардидааст. Вобаста ба мавсим ё худ фаслҳои сол агар он тағйир биёбад, беҳтар мебошад. Махсусан, дар деҳот дар фасли тобистон мардум пас аз дамидани субҳ ба корҳои саҳроӣ мераванд. Дар сурати амалкардаи ин қисмати қонун ё онҳо дар маърака иштирок намуда наметавонанд ва ё маҷбур мешаванд, то соати 8 интизорӣ бикашанд. Тағйири вақт ба давомнокии тӯю маъракаҳо  набояд халал ворид бисозад.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2017    №: 119    Мутолиа карданд: 204

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед