logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. АЗ НАТИҶАҲО ТО ЧАНД ПЕШНИҲОДИ МУҲИМ

8 июн аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», даҳ сол пур мешавад.

Ҳарчанд дар ин муддат бо татбиқи қонуни мазкур ба дастовардҳои назаррас ноил шуда бошем ҳам, бояд гуфт, ки ҳанӯз ҳам  дар ин самт масъалаҳои ҳалталаб кам нестанд. Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро дар давоми солҳои 2007 - 2016 ва давраи сипаришудаи соли равон мавриди таҳлил қарор  дода,  ҷамъбаст  намуд. Қобили зикр аст, ки аксар мардуми кишвар ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо қонунро риоя намуда, дар доираи талаботи он маъракаҳои худро барпо менамоянд. Вале аз тарафи баъзе аз шаҳрвандон меъёрҳои қонун риоя нагардида, ҷашну маросимҳо  бо мақсади зоҳирпарастӣ,  худнамоӣ ва тақлидкорӣ мегузаранд, ки боиси муфлис гардидани бисёр оилаҳо мегардад.
Прокуратураи вилоят вобаста ба ҳолати иҷрои қонуни танзим дар давраи таҳлилӣ дар вилоят 1367 қонунвайронкуниро ошкор намудааст, ки аз ин 588 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 412 пешниҳод, 50 амр, 14 эътироз  оварда, бо натиҷаи татбиқи санадҳои эътинои прокурорӣ 303 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудааст. 588 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар давраи таҳлилӣ нисбат ба қонунвайронкунандаҳо аз тарафи прокуророн оғоз шудааст, барои баррасӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол гардида, бо қарорҳои суд ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ гаштааст.
Прокуратураи вилоят иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро минбаъд низ зери назорати доимӣ қарор дода, бо роҳандозии санҷишҳои прокурорӣ оид ба ҳар як ҳолати қонунвайронкунии ошкоршуда чораҳои  эътиноии прокурорӣ меандешад.
Барои боз ҳам мукаммал намудани қонуни мазкур  пешниҳод менамоем, ки дар моддаи 14 - и он вобаста ба вақти гузарондани тӯю маросимҳо дар рӯзҳои истироҳат тағйирот ворид шавад. Яъне, чорабиниҳо дар фасли тобистон аз соати 6-и субҳ баргузор гарданд. Агар ин пешниҳод пазируфта шавад, аз он ҳам соҳибони маърака, ҳам хоҷагидорон, бахусус онҳое дар саҳро кор мекунанд, бурд хоҳанд кард. Пешниҳоди дигари мо ин аст, ки дар сархати 5-и моддаи 10-и қонун - маросими қайди давлатии ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳо бо истифодаи на бештар аз 4 автомашинаи сабукрав гузаронда мешавад, илова ворид шавад. Зеро барои баъд аз тӯй меҳмонҳоро ба хонаи домод  ё  арӯс бурдан чор мошин кифоят намекунад. Бо назардошти ин ҳолат нозирони БДА-и шаҳру ноҳияҳо талаботи моддаи 10 - ро асос намуда, ронандагони воситаҳои нақлиётеро, ки меҳмонҳоро ба хонаи домод  ё арӯс мебаранд, мувофиқи  моддаи 328 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷрим ҳисобида, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳанд.
Мувофиқи талаботи моддаи 9-и  қонун хатнасур ба таври ихтиёрӣ дар як рӯз бо иштироки то шаст нафар танҳо дар доираи як чорабинӣ (додани зиёфат ё ош) бо харҷи кам гузаронда мешавад. Аммо дар тафсири моддаи мазкур омадааст, ки соҳиби тӯй метавонад дар манзили хеш ва ё тарабхона барои то шаст нафар меҳмон шӯрбо ва ош омода намояд. Бинобар ин, пешниҳод мекунем, ки дар моддаи 9 - и  қонун дар қисмати додани хӯрок, яъне як хӯрок тағйирот ворид гардад.
Насрулло   МАҲМУДЗОДА,
прокурори вилояти Хатлон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3,                                                    
Варқаи  ЗАЙНИДДИН,
 ёвари калони прокурори вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 1


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2017    №: 120    Мутолиа карданд: 137
22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед