logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. МАРДУМ ЧӢ МЕГӮЯД?

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июн даҳ сол пур мешавад. Ин санад, ки дар ҷомеа ба унвони қонуни миллӣ низ шинохта шудааст, дар зарфи даҳ соли амали худ натиҷаҳои судманде дар пай дошт. Аз ҷумла, қонун тавонист то андозае ба хурофоту зоҳирпарастӣ, худнамоиву зиёдаравиҳо хотима гузошта, дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат кунад. Вале, бо вуҷуди дастовардҳои қобили таваҷҷуҳ ҳамоно риоя нагардидани баъзе аз муқаррароти он аз ҷониби афроди алоҳида ба назар мерасад. Вобаста ба ин ва дигар паҳлуҳои қонун, дастовард ва таклифҳо оид ба такмили он хабарнигори «Ҷумҳурият» бо сокинон ҳамсуҳбат шуд:
Маҳматоҳир Назризода, муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод:
- Аз рӯзи ба тавсиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» то имрӯз дар самти пешгирии исрофкорӣ ва зиёдаравӣ корҳои зиёде ба анҷом расида бошанд ҳам, риоя нагардидани баъзе муқаррароти қонун ҳамоно мавзӯи баҳс боқӣ мондааст. Дар ноҳияи Тоҷикобод ҳарчанд дар ин самт қонуншиканӣ кам ба назар мерасад, аммо дар ин миён зиёдаравиҳое ҳастанд, ки ба қарздоршавии баъзе сокинон ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон боис шудааст. Гирифтани туҳфаҳои зиёди гаронарзиш ба арӯсу домод, қудоҳо ва хешовандони тарафайн дар баъзе ҳолатҳо ба мушоҳида мерасанд. Аз ин рӯ, ба хотири пешгирии ин ва дигар камбудиҳо комиссияҳои ҷамъиятиро зарур аст, ки  назоратро дар ин самт пурзӯртар намоянд.

Муҳаббат Азимов, сокини ноҳияи Данғара:
- Ҳарчанд ин қонун бо мақсади беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ва ғанӣ гардондани буҷети оилаи шаҳрвандон қабул шудааст, вале дар бештари ҳолатҳо талаботи он, бахусус аз ҷониби баъзе хизматчиёни давлатӣ ҳатто худи масъулон риоя намешавад. Аз ин рӯ, пешниҳод менамоям, ки дар қонун таъйини ҷазо барои чунин афрод вазнинтар шавад. Зеро таҷриба нишон дод, ки дар чунин ҳолатҳо ҷазо танҳо дар намуди ҷарима барои ин гурӯҳ чандон таъсирбахш нест. Илова бар ин, пешниҳод менамоям, ки вақти баргузории тӯйи домодию арӯсӣ аз се соат ба ду соат кам карда шавад. Ин амал метавонад ба боз ҳам камхарҷ доир шудани тӯю маъракаҳо мусоидат кунад ва арзиши хазматрасонии сарояндаҳоро низ коҳиш диҳад, ки ба манфиати мардум аст.

Ҷӯрабек Сафаров, сокини ноҳияи Бохтар:
- Дар маросимҳои азодорӣ, аз ҷумла чил ва сол, одатан одамони зиёд меоянд. Шумораи меҳмонон дар бештари ҳолатҳо аз дусад нафар ҳам мегузарад. Чӣ гуна метавон онҳоро ба хона қабул накард ё таом надод? Комиссияҳои танзим дар ҳама санҷишҳо танҳо шумораро ҳисоб мекунанд. Аз ин рӯ, хуб мешуд ба моддаи 11 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бар пояи он маросими чил ва сол ба таври ихтиёрӣ бо иштироки 80 ва 100 нафар бо додани як таъом гузаронда мешавад, тағйирот ворид гардад.  
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2017    №: 120    Мутолиа карданд: 207

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед