logo

иҷтимоиёт

"ШОҲМАНСУР". МАҲСУЛОТ ФАРОВОН ВА НАРХҲО ТАНЗИМ МЕГАРДАД

Мувофиқи қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, дар бораи ғанигардонии бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон, ки 19 майи соли ҷорӣ ба тасвиб расид, роҳбарону масъулони бозорҳои асосии пойтахт вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал барои соҳибкорон ва фурӯшандагон шароит фароҳам оварда, онҳоро аз пардохти маблағҳои яквақта озод намоянд, ҳамчунин, дар моҳи шарифи Рамазон дар назди бозорҳо ва нуқтаҳои алоҳида ярмаркаҳои доимии   маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил намуда, бо захира ва ворид намудани маҳсулоти фаровон болоравии нархҳоро пешгирӣ намоянд.
- Ҳоло дар бозори «Шоҳмансур» зиёда аз 700 соҳибкори инфиродӣ, фурӯшанда ва деҳқон тибқи шартнома ҳамкорӣ мекунанд. Ҳамарӯза ҷиҳати иҷрои қарори раиси шаҳр талош дорем. Дар даромадгоҳи бозор дар майдони 18 метри мураббаъ пешайвон сохтем ва дар ин ҷо ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия - картошка, пиёз, гӯшт, сабзӣ ва маҳсулоти дигар ташкил шудааст, - гуфт Машраф Қараев, муовини директори бозори «Шоҳмансур». - Барои пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ ба бозори мо шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ вобаста шудаанд. Кишоварзони ин шаҳру ноҳия ҳар рӯз ба бозор аз 200 то 500 кило гӯшти хушсифат ворид месозанд. Сифати маҳсулот аз тарафи духтурон санҷида, сипас, барои фурӯш иҷозат дода мешавад. Ярмарка аз соати 8  то 18  фаъол аст. Инчунин,  рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Хатлону Суғд маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, пешкаши харидорон мегардад. Барои деҳқононе, ки хоҳиши дар бозор маҳсулоташонро бо дасти худ фурӯхтан доранд, дар 200 метри мураббаъ ҷой муҳайё кардаем.
- Ният дорем, ҷиҳати ба танзим даровардани нархҳо воридоти маҳсулотро зиёд намоем. Айни ҳол аз ҳисоби хазинаи бозор 10 тонна картошка захира намуда, 5 тоннаашро ба фурӯш баровардем. Воридоти картошка идома дорад.
Ёдрас месозем, рӯзҳои аввали моҳи Рамазон фурӯшандагони «Шоҳмансур» аз беназоратии роҳбарони бозор ва зиёд шудани талаботи мардум суистифода намуда, нархи маҳсулоти ниёзи аввалияро ба таври сунъӣ боло бурданд. Дар пайи ин роҳбари бозори «Шоҳмансур»  барои хунукназарӣ ва роҳ додан ба камбудиҳо аз вазифа барканор шуд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2017    №: 120    Мутолиа карданд: 306

24.04.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Хоҷa Муҳаммад Осиф

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Фаластин

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара

Конференсия доир ба масоили об

"ХУҶАНДОБУКАНАЛ". Авлавият ба беҳбудии хизматрасонӣ

Варзиш

23.04.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Руминия

Иштироки ҳайати Бонки миллӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд

Ҷаласаи роҳбарони хадамоти ҳуқуқии ВКХ-и ИДМ

ДАНҒАРА. Кишти чигит ба анҷом расид

21.04.2018


Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ ва Ахмет Йилдиз

Ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вусъат меёбанд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ

Бунёди меҳмонхонаи “Шикорчиён”

Рӯзи заргарон дар Боғи Ирам

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Авлавият ба истеҳсоли пахта

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Гусели наваскарон дар Фархор

Варзиш

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед