logo

иқтисод

МОШИНҲОИ НАВ. КОҲИШИ ПАРДОХТИ ГУМРУКӢ ВА ҒАНОВАТИ БУҶЕТ

Роҳандозии 50 дарсад коҳиш додани ҳаҷми пардохтҳои гумрукӣ ҷиҳати ворид намудани мошинҳои нав ба кишвар,  иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки зимни Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ пешниҳод намуда буданд.
Тавре вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода иттилоъ дод, аз аввали соли ҷорӣ маблағи ситондани пардохтҳои гумрукӣ ба мошинҳои нав 50 дарсад коҳиш дода мешавад ва онҳое, ки то ин дам мошин ворид карда буданд, метавонанд маблағи барзиёд супурдаро бозпас гиранд. Мошини нав гуфта он намуди мошинҳои сабукрав, бору мусофиркаш ва таъйиноти махсус дар назар дошта мешаванд, ки аз муҳлати баромадашон аз конвейер як сол нагузашта ё камтар аз 10 ҳазор километр масофаро тай намуда бошанд.
Дар соли гузашта ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 229 мошини нав ворид шуда, ба қисми даромади буҷети давлатӣ 6 миллион сомонӣ ворид гардида буд, ки назар ба солҳои пешин хеле кам аст. Вазир, ҳамчунин, иттилоъ дод, ки паст кардани пардохтҳои гумрукии мошинҳои нав парки автомобилӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зистро беҳ сохта, ба бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои мамлакат мусоидат менамояд.
Аз рӯйи ҳисоби мутахассисон роҳандозии тағйироти нав ба қонун ба қисми даромади буҷети давлатӣ ҳар сол то 800 миллион сомонӣ маблағи илова ворид мекунад, ки саҳми муносибест барои беҳтар кардани вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар.
Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2017    №: 120    Мутолиа карданд: 143
22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед