logo

иҷтимоиёт

ҲАҚИҚАТИ БЕБАҲС

Бояд мардонавор иқрор намоем, ки дар қаламрави ҷумҳурии мо то расидан ба Истиқлолияти давлатӣ раванди анҷом додани ҷашну маросимҳои миллию динӣ ва ҳадафу маромҳои онҳо низ сахт таҳриф ёфта буданд ва ин кори хайр ба амале зиёновар мубаддал гашт. Қисмати умдаи расму ойинҳои мардуми тоҷик ба дини ислом ва мусулмон будани онҳо алоқаманд аст, ё бисёре аз маросимҳо маншаъ дар аҳкоми шариати исломӣ дорад.
Ҳақиқати бебаҳс аст, ки аксари ибодат, аркон, аҳком, усул ва фурӯъи дини ислом тӯли асрҳои зиёд дар матни фарҳанги миллии тоҷикон ҷойгоҳе устувор пайдо кардааст ва ба мисли гӯшту нохун андаруни рагу пайванди анъанаҳои суннатии мо омезиши барҷаста ёфтааст. Масалан, рӯзаи моҳи Рамазон ҳарчанд кори инфиродӣ ба назар менамояд, вале он як идда манфиатҳои тарбиявӣ ва иҷтимоии худро низ дар шароити муосир ошкор кард. Дар моҳи Рамазон мардум намозҳо, махсусан намози таровеҳро якҷоя мехонанд, аз аҳволи якдигар бохабар мешаванд, тавонмандон ифтор дода, ниёзмандонро мехӯронанд, ҳама аз тифли навзод то пири барҷомонда, зану мард садақаи фитр медиҳанд, ҳар кас саъй мекунад ақаллан як бор рӯзадореро таом диҳад ва дасти афтодаеро бигирад. Ҷанбаи мусбати масъала иборат аз он аст, ки шаҳрвандон воқеияти иҷтимоию иқтисодии садақа ва закотро дар таҷрибаи амалӣ дарк намуданд. Дар воқеъ, дарки дуруст ва фаҳмондадиҳии мақсаднок ҷанбаҳои маърифатию иҷтимоӣ ва инсондӯстии закоту садақа то андозае мушкилот ва эҳтиёҷоти мардумро бартараф сохт ва онро ба як механизми тавонои танзимкунандаи ҷомеаи шаҳрвандии кишвар табдил дод. Ҳоло дар рӯзи Иди Қурбон бисёре аз мусулмонони тавонманд бар ивази анҷом додани маъракаҳои калони худнамоӣ тақсим кардани гӯшти қурбонӣ, додани маводи хӯрока ва расондани ёрии молиявиро ба хешону ниёзмандон беҳтару авлотар мешуморанд.
Рақамҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки баргузории ҷашни арӯсии калонхарҷ бо пешниҳоди нуқлу шароб камтар шуда, тарафҳо маъракаро бо додани оши наҳор ва бе ширкати овозхонони фармоишӣ ҷамъбаст мекунанд. Бояд гуфт, ки хатнасури кӯдак дар зоти худ ба ҳеҷ гуна тӯю маъракаи алоҳида зарурат надошт. Хушбахтона, ҳоло маъракаи хатнасур тамоюли маҳдуд шудан дар муҳити чорабинии оилавӣ пайдо кардааст. Бояд ҳамин тавр ҳам бошад ва зарур аст, ки ин раванди мусбат ҳамаҷониба тарғиб ва маблағи аз ин ҳисоб сарфашуда барои рушди сармояи инсонии кӯдак равона гардад. Ба ин хотир, тақозо мешавад, ки дар байни сокинони кишвар дар масъалаи ҷанбаҳои идеологӣ ва хурофотии танзими расму ойинҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият ёбад, ҷиҳати ошкор кардани камбудиҳо мақолаву китобҳои илмӣ ба чоп расонда шавад, филму наворҳои ҳуҷҷатию бадеӣ таҳия гардад. Маҷмӯи чорабиниҳо бояд хусусияти мавсимӣ ва якдафъагӣ надошта бошанд ва роҳи ҳалли масъала ва раҳоӣ ёфтан аз гирифтории ҷашну маросимҳоро мунтазам ҷустуҷӯ ва пешниҳод намоянд. 
Воқеият ва марҳалаи сипаришуда собит намуд, ки дар роҳи ҳалли масъалаи танзими ҷашну маросимҳо омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, зеҳнӣ ва равонии шахшудае вуҷуд доранд, ки бартараф намудани онҳо осон нест ва ба коргузории пайваста ниёз дорад. Дар баробари ин, бояд тазаккур дод, ки амали қонун як қатор камбудиҳо ва ҷанбаҳои норавшани ҷашну маросимҳоро ошкор кард, ки онҳоро дар шакли пешниҳодҳо чунин баён намудан мумкин аст:
1. Ҳангоми баргузории ҷашну маъракаҳо муайян гардид, ки дар байни соҳибони чорабинӣ ва ниҳодҳои танзимкунанда ҳамеша нофаҳмиҳо дар иҷрои муқаррароти қонун пайдо мешавад ва боиси пешбинӣ гардидани ҷазоҳои гуногуни маъмурӣ мегардад. Таъсиси муассиса ва ширкатҳои хусусии алоҳида ҷиҳати хизматрасонӣ ба мардум дар кори барпо намудани ҷашну маросимҳо ба назар мувофиқ менамояд. Ин сохтор бояд тамоми паҳлуҳои баргузор намудани ҷашну маросим, маъракаҳо ва мувофиқа кардани онҳоро бо ниҳодҳои дахлдор ба уҳда гирад. Ин иқдом ҳам барои кам шудани қонуншиканиҳо мусоидат карда метавонад ва ҳам озурдахотир шудани соҳибони маъракаҳоро пешгирӣ менамояд.
2. Мутаассифона, оростани маъракаҳои хурсандӣ ва азодории мо аз ҳамдигар он қадар тафовут надорад. Вале тибқи муқаррароти суннатҳои фарҳангӣ ва мазҳабии мо дар ин муомила рафтори якнавохт зоҳир кардан нашояд. Дастархони маъракаи азодорӣ бояд бисёр сода, самимӣ ва бедабдаба бошад. Масалан, дар таомули мардумии мо дар маъракаи азодорӣ дар шакли мағз гузошта хӯрдани маҳсулоти донагӣ, ба мисли бодом, чормағз ва писта ноҷоиз ҳисобида мешавад. Аз ин ҷиҳат содаву осон кардани ороиши маъракаи азодорӣ ва ифтори моҳи Рамазон ба хотири риояи таъйиноти сиҳатӣ ва иҷтимоии он мувофиқи мақсад хоҳад буд.
3. Вақти баргузории маъракаҳо низ вобаста ба фаслҳои сол ба баъзе тасҳеҳот ниёз дорад. Масалан, дар фасли тобистон равшании рӯз дарозтар аст. Дар муҳити деҳот мардум саҳарии барвақт аз пайи корҳои саҳроӣ ва деҳқонӣ мешаванд. Ва то соати ҳашти пагоҳӣ онҳо як миқдор корҳоро анҷом медиҳанд ва баргашта боз ба маърака омадани онҳо боиси зоеъ шудани вақт мегардад. Хуб мебуд, агар вобаста ба мавсимҳои сол ва дарозии рӯзу шаб масъалаи танзими вақти баргузории маърака дар тобистон барвақттар ва дар зимистон дертар тибқи муқаррароти қонун иҷозат дода мешуд.
4. Мақоми байналмилалӣ гирифтани Ҷашни Наврӯз моро водор менамояд, ки мо реҷа ва меъёрҳои ҳуқуқии баргузор намудани ин ёдгори мондагори ниёгонро дар сатҳу муставои гуногуни маъмурӣ ҳамаҷониба тарғиб намоем. Илова бар ин, мо бояд платформаи фарҳангсолории Наврӯзро ҳамчун ҷашни меҳрпарастӣ дар низоми ҳаракати доираи хуршедӣ возеҳу равшан муайян созем. Дар фалсафаи фарҳангии ин ҷашни ниёгон чор унсури асосии хотирмон – Наврӯз (баробарии баҳории рӯзу шаб), Тиргон (рӯзи дарозтарини сол), Меҳргон (баробарии тирамоҳии рӯзу шаб) ва Сада (шаби дарозтарини сол) аҳамияти вижа доштааст. Дар шароити Истиқлолияти давлатӣ эҳё ва ҷойгузин кардани ин чор унсур дар матни фарҳанги миллӣ ба омӯзиш ва асосноккунии илмӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳамчунин, ҷашну маросимҳои дунявии дар шароити Истиқлолияти давлатӣ пайдошуда бояд баёни меъёрию ҳуқуқии худашонро дар фазои иттилоотии ҷумҳурӣ пайдо кунанд.
5. Афзун бар ин, зарур аст, ки мазмуни хурофот ва рафтори ифротгароии фарҳангӣ дар баргузории ҷашну маросим ва маъракаҳои муқаррарӣ бо ҳар гуна роҳу восита фаҳмонда шавад, то ки оқибатҳои номатлуби  иқтисодии он аз матни зиндагии мардум берун ояд.
Файзулло БАРОТЗОДА,
директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2017    №: 120    Мутолиа карданд: 134
22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед