logo

сиёсат

ВАҲДАТ ЯКЕ АЗ СЕ АРЗИШИ МУҚАДДАС

Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бори  дигар аз дурандешӣ ва хирадмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад, ки дар саргаҳи ҷунбишҳои халқӣ қарор гирифта, эътимоди худро ба иродаи созандаи мардуми кишвар баён карда буданд. Ин сана барои Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад, зеро имрӯз халқи бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ азиятдида ва аз ҳам ҷудошударо ба ҳамдигарфаҳмию ваҳдат овард. Ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба мо муяссар нашудааст ва ҳамагонро водор мекунад, ки ба қадри ин неъмати бузург расида бошем ва барои таҳкими он кӯшиш намоем.
Дар давоми ин солҳо ба ваҳдати воқеӣ расидан, манфиатҳои Ватан, давлат ва миллатро аз ҳама чиз боло гузоштан дастоварди бузурги мо буд ва ҳамин тавр мемонад. Ҳамраъйии халқҳову ғояи дӯстӣ дар таърихи мардуми мо мавқеи шоиста  дорад.
Ваҳдати миллӣ танҳо ягонагии тоҷикон нест, балки ваҳдати тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ - тоҷик, рус, ӯзбек, туркман ва дигар миллату халқиятҳост. Акнун моро лозим меояд, ки дар роҳи рушду осудагии мамлакат содиқона хизмат намуда, дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид гардида, нуфузи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ ба қуллаҳои баланд бардорем.
Яқин аст, ки соҳибихтиёрии ҳар як кишварро асосан се арзиши муқаддас - истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдату ризоияти ҷомеа муайян месозад. Ин се омил шарти муҳими тараққиёти ҷомеа мебошад.
Замоне ки фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад, Тоҷикистон дар вартаи даргириҳо қарор дошт. Ҷангу кашмакашиҳои дохилии кишвар боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.
Сарвари давлат аз рӯзи аввал бо андешаву тадбирҳои хирадмандона баҳри аз вартаи фалокат берун овардани мамлакат, сарҷамъ намудани ҳазорон нафар гурезагони тоҷик нақшаи мукаммалро роҳандозӣ кард. Дар гуфтушунид ва музокираҳо бо сарварони мухолифин, чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар, ки ба ҷони ҷавонаш хатарҳо таҳдид мекард, бе тарс сари мизи гуфтушунид менишаст. Мо аз ҳамон рӯзҳои аввали Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии мамлакат пуштибонии халқро аз роҳи интихобкардаи Роҳбари муаззами Тоҷикистон, ки таъмини сулҳу субот ва муттаҳидии миллат, ҳифзи якпорчагии Ватани азизамон буд, эҳсос намудем. Бинобар ин, дар ҳамон шароити ноором барои ба вуҷуд овардани зинаҳои ҳуқуқии давлати навбунёди соҳибистиқлоламон сайъи ҳамагонро эҳсос намудем. Мардуми тоҷикро зарур аст, ба ин неъмати бебаҳо ва падидаи нодири асри 20, ки дар баробари Истиқлолияти давлатӣ арзиши гарон дорад, арҷ гузорад. Ба ҳар гуна фиребу найранги душманони миллат дода нашавад ва дар фикри ободии ин Ватану сарзамини бостонӣ бошад. Вазифаи ҳар шахси ватандӯсту ватанпарвар аст, ки ваҳдати миллиро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.
Мухтор ИСОЗОДА,
судяи суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2017    №: 120    Мутолиа карданд: 587

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед