logo

иҷтимоиёт

ҚОНУНИ МИЛЛӢ БА БОЗНИГАРӢ НИЁЗ ДОРАД

Бо истифода аз минбари озоди “Ҷумҳурият” мехоҳам ёдовар шавам, ки давоми фаъолияти кор дар комиссияи ҷамъиятӣ ба назди мо бисёр шахсон барои шарҳу тавзеҳ додани ин ё он моддаи қонуни мазкур меомаданд ва фикрҳои хешро иброз медоштанд. Масалан, дар қонун гузарондани маъракаҳо аз соати 8 то 10 – и пагоҳӣ нишон дода шудааст. Дар шароити ҷумҳурӣ, ки тобистон рӯз хеле барвақт равшан мешавад, бояд маъракаҳо пеш аз соати 6 оғоз гарданд. Зеро одамон ба хотири маърака дар иҷрои корҳои муҳимашон дер мемонанд. Ҳамчунин, баъзан як нафар дар маҳалла, деҳа ё шаҳр ба ду – се маърака даъват мешавад, дар он ҳолат ба онҳо иштирок карда натавониста, боиси ранҷиши хотири хешу табор, дӯст ё қадрдон мегардад.
Барпо намудани зодрӯз дар қонун дар доираи оила бо иштироки шумори ками одамон иҷозат дода шудаасту бо ин восита пеши роҳи харҷҳои беҳуда гирифта мешавад. Вале бояд зикр кард, ки бархе дар ҷойи кор то синни 63 - 65 – солагӣ фаъолият мекунанд. Агар дар қонун тағйир ё иловае ворид мекарданд, ки ба хотири гиромидошти хизматҳои он шахс дар ҷойи кораш як ҷамъомади хурд ташкил менамуданд, ҳам дар хотири корманд як умр боқӣ мемонд ва ҳам насли ҷавон дар рӯҳияи қадршиносӣ тарбия меёфт. Ман дар соҳаи худамон бисёр нафаронеро медонам, ки ба монанди Давлаталӣ Шарифов, собиқ раиси вилояти Хатлон, Воҳид Шафоев, собиқ вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби ҷумҳурӣ ва дигарон, ки барои рушди соҳа ва кишвар заҳмати зиёд ба харҷ додаанд. Дар ҷойи кор ин гуна ашхосро ёдоварӣ карда, ягон пойгоҳи обкашӣ, канал ва ё иншоотро ба номашон мегузоштанд, хуб мешуд.
Қонуни амалкунанда гузарондани баъзе маъракаҳоро бе додани хӯрок пешбинӣ намудааст. Агар чунин маъракаҳо дар деҳа ва маҳалла бошад, барои савоб ва наранҷидани хешу табор, дӯсту қадрдон иштирок мекунанд, вале баъзеҳо ба роҳҳои дур – минтақаҳои Кӯлобу Рашт, водиҳои Вахшу Зарафшон сафар мекунанд, дар он ҳолат чӣ бояд кард? Инро низ қонунэҷодкунандаҳо бояд ба назар гиранд.
Дар охир ҳаминро хотиррасон карданиам, ки барои роҳандозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳанӯз ҳам корҳои фаҳмондадиҳӣ ба таври бояду шояд ташкил карда нашудаанд. Дар бисёр ҳолатҳо шахсони маъракаоро ҷузъиёти моддаҳои қонунро дуруст намедонанд ва ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд. Барои ҳамин мебояд, ки қонуни мазкур  ба воситаи рӯзномаҳои давлатию хусусӣ, телевизиону радио бештар тарғиб карда шавад.
Шафоат НАЗИФОВ,
сардори раёсати ҳавзавии беҳдошти замин ва обёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2017    №: 121    Мутолиа карданд: 246

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед