logo

иҷтимоиёт

"Қубодиён. Норасоии кадрҳо дар соҳаи тиб", «Ҷумҳурият», 4 марти соли 2017

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён иттилоъ медиҳад, ки мақолаи «Қубодиён. Норасоии кадрҳо дар соҳаи тиб» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бо мақсади баррасии вазъи беморхонаи № 3, воқеъ дар деҳаи «Гулистон» - и Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳия, бо сартабиби беморхонаи мазкур  суҳбат гузаронда шуд.
Айни ҳол дар беморхона ду табиб дар  шуъбаи  амрози  даруна  ва таваллуд фаъолият дошта, дар  шуъбаи  кӯдакона табиб намерасад. Бояд зикр намуд, ки беморхонаи № 3 се километр  дуртар аз беморхонаи № 1 ҷойгир аст. Беморхонаи № 1  дорои  6  шуъба - шуъбаҳои  таваллуд, сироятӣ ҷарроҳӣ, амрози  дарунӣ, кӯдакона ва ёрии таъҷилӣ мебошад, ки дар  он 10 табиб ва 28  ҳамшираи  тиббӣ  фаъолият менамоянд. Ин беморхона  дорои  тамоми  шароити  хизматрасонии тиббӣ буда, дар як вақт метавонад то 40 беморро бистарӣ созад.
Доир ба норасоии духтурони силшинос, кӯдакона, амрози даруна, қалбшинос, чашм, гӯшу гулуву бинӣ, сироятшинос, рӯҳшинос ва табиби кӯдакони навзод бо маълумоти олӣ бояд гуфт, ки беморхонаи дорои се шуъба наметавонад ин теъдод табибонро фаро гирад. Табибони мазкур дар беморхонаи № 1 фаъолият дошта, дар ҳолати зарурӣ шуъбаи ёрии таъҷилии он беморонро аз беморхонаи № 3 қабул менамояд.
Дар ҳоли ҳозир барои беморхонаи № 3 имкони хариди таҷҳизоти безараргардонии асбобҳои кории тиббиро надошта, дар оянда дастрас намудани таҷҳизоти зарурӣ ба нақша гирифта шудааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён минбаъд низ баҳри таъмини соҳаи тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос ва таҷҳизоти лозима ҷиҳати расондани хизмати босифати тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.
З. ФАЙЗУЛЛОЗОДА, раиси ноҳияи Қубодиён 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2017    №: 122    Мутолиа карданд: 369

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед