logo

иқтисод

ФАРҲАНГИ АНДОЗСУПОРӢ. МУАССИСАҲОИ КЛУБӢ ЧӢ НАҚШ ДОШТА МЕТАВОНАНД?

Андоз бақои давлат буда, бе андозситонӣ фаъолияти сохторҳои давлатдорӣ дуруст ба роҳ монда намешавад. Пажӯҳишҳои сотсиологии дар кишвар гузрондашуда нишон медиҳанд, ки тарбияи фарҳанги андозсупории ҷавонон ва наврасон яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи мо мебошад.

Муассисаҳои клубӣ дар ҷомеаи имрӯза воситаи муҳими тарбияи фарҳанги андозсупории наврасон ва ҷавонон буда, ҳамчун занҷираи асосии системаи тарбияи маърифати андозсупорӣ чунин вазифаҳои ҷамъиятиро иҷро мекунанд: инкишофи зеҳнии эҷодӣ ва фаъолияти ҷамъиятии ҷавонон ва наврасон дар рӯҳияи фарҳанги андозситонӣ ва андозсупорӣ, ташкили робитаи васеи наврасону ҷавонон, ташаккули афкори умум ва гузарондани чорабаниҳои вобаста ба андозсупорию андозситонӣ.
Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон зиёда аз 795 муассисаи клубӣ дар назди шуъбаҳои фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият намуда, ба тарбияи комплексии наврасон ва ҷавонон машғуланд. Дар клубҳо аксар мураббиёни ҷамъиятӣ – лекторон, маърӯзачиён, шореҳон, маслиҳатчиён, ташкилкунандагони мубоҳисаҳо, ташкили бахшҳои омӯзиши андозҳо ба сифати субъекти тарбия баромад мекунанд, ки онҳо асоси фаъолони клубҳоро ташкил медиҳанд.
Дар давраи гузаштан ба иқтисоди бозорӣ бояд ба системаи андоз ва ташаккули он аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад. Давлати соҳибистиқлоли мо низ ин роҳро интихоб карда, дар ин ҷода иқдомҳои навро муваффақона амалӣ намуда истодааст.
Такмили дониши қонунгузорӣ оид ба андоз, тартиб ва истифодаи он яке аз шартҳои асосии дарк намудани фарҳанги андозсупорӣ дар ҷомеаи муосир аст. Дар шароити имрӯза зарурияти омӯзондан ва тарбияи фарҳанги андозсупорӣ ба ҷавонон ва наврасон яке аз масъалаҳои мубрам ба шумор меравад.
Чанде пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин мазмун таъкид дошта буданд: «Низоми кори мақомоти андоз дар самти омӯзиши наслҳои оянда ба дигаргунсозӣ ниёз дорад. Вазифаи мақомоти андоз на танҳо ҷамъоварии андозҳо, балки пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, ба роҳ мондани корҳои доимии фаҳмондадиҳӣ ва барои андозсупорандагон ташкил намудани бахшҳои омӯзишӣ мебошад».
Аз ин хотир, дар баъзе аз шаҳру навоҳии кишвар ҷоннок кардани фаъолияти чунин клубҳо тақозои ҷомеаи муосир аст. Зеро то ҳанӯз гурӯҳи муайяни мардум аҳамияти андозро дар таъмини буҷети давлатӣ, маош, нафақа ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ дуруст дарк накардаанд. Дар пойгоҳи муассисаҳои клубӣ ташкил намудани бахшҳои омӯзиши андозҳо, маҳфилҳои интеллектуалӣ, шабнишиниҳои тематикӣ (мавзӯӣ) доир ба андоз ва андозситонӣ, қонунгузории андоз ва корҳои доимии фаҳмондадиҳӣ доир ба андозбандӣ ба фаъолияти Кумитаи андози ҷумҳурӣ кумак намуда, кори масъулони андозро низ осонтар менамояд.
Набӣ  АШӮРОВ,
сармутахассиси шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеии
нозироти андози ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2017    №: 122    Мутолиа карданд: 256

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд

Шойгу: «Дар Сурия ҳудуди нуфузи ҷангиён ду ним маротиба коҳиш ёфт»

Ҳамкории калонтарин шабакаҳои иҷтимоии Чин бо ҳукумат

Зери таҳримот ҳам иқтисоди Русия рушд мекунад

12.08.2017


Сафири Тоҷикистон дар Эфиопия эътиборнома супурд

Бунёди корхонаи истеҳсолӣ дар ноҳияи Данғара

Душанбе. Анъанаи пардохти иловапулии якдафъаина идома хоҳад ёфт

Ноҳияи Рӯдакӣ. Талабот ба либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ меафзояд

Хатлон. 15 корхона кор накард

Ҷаҳон дар як сатр

Аксари террорист – маргталабҳои «Боко Ҳарам» занону кӯдаконанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед