logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. ЗИНДАГИРО БАРАКАТ БАХШИД

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳ сол муқаддам таҳия ва қабул гардида буд, дар таърихи қонунгузории кишвар падидаи бемисл аст.

Дар бештар аз як соли охир дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 546921 маъракаи гуногун ба қайд гирифта шудааст, ки хароҷоти умумии онҳо зиёда аз як миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ин ба ҳар як маърака ба ҳисоби миёна 2120 сомонӣ рост меояд. Ҳол он ки то қабули қонун ин нишондиҳанда 8750 сомониро ташкил медод. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ, инчунин, дар баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар мусоидат намуда, дар ҳалли як қатор мушкилоти иҷтимоӣ нақши муҳим бозид. Мутаассифона, теъдоди онҳое, ки ҳоло дидаю дониста, талаботи қонунро вайрон мекунанд, кам нестанд. Ҳатто худи кормандони бахши дин ва танзим дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят дар амалӣ намудани муқаррароти қонун саҳлангорӣ мекунанд, ки боиси нигаронист.
Танзими маросимҳои дафну азодорӣ аз ходимони дин вобастагии зиёд дорад. Боиси таассуф аст, ки иддае ба баъзе бидъатҳои маросимӣ бо сабабҳои номаълум дар мисоли хайрот асоси шаръӣ дода, ҳам ба шариати исломӣ ва ҳам ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иснод меоранд. Масалан, онҳо бандҳои 2, 3 ва 4 - и моддаи 11-и қонунро вайрон карда, маросими «себегоҳа» ё «бегоҳи се» ва «ҳафт»-ро якҷоя мегузаронанд. Баъзан шахсони «муллотарош» асос пеш меоранд, ки дар сурати дар маросими «ҳафт» таом пухтан ва онро ба ҳамсояҳо тақсим кардан, савобаш ба маит бештар мерасад. Ё ба ҳамин монанд се-чор нафар дар маросимҳои дафн рӯйи кати хонаи маит нишаста, пул ҷамъ меоранд ва давраи маитро ҳам мегузаронанд. Чунин амалҳои номатлуб дар маросими дафн бисёр вомехӯранд, ки оқибаташ ба ҷангу ҷидолу дилсиёҳӣ мебарад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло ҳам дар маросими чил ва сол теъдоди иштирокчиён ва номгӯйи таомҳо ба эътибор гирифта намешаванд ва масъулони бахши дини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ин самт назорати нокифоя мебаранд.
Боиси хушнудист, ки баъди рӯйи кор омадани ин қонун зиндагӣ, воқеан ҳам, ранги дигар гирифт. Сокинони кишвар имкон пайдо намуданд, ки ба беҳтар кардани шароити зист, бунёди манзилҳои истиқоматӣ, ободу зебо намудани хонаву кошона ва муҳимтар аз ҳама, ба тарбияи фарзандони худ диққати бештар диҳанд. Имрӯзҳо дарк карда мешавад, ки сарфаҷӯӣ ва сариштакорӣ ҳам дар доираи оила ва ҳам масъалаи аввалиндараҷаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат гардидааст.
Шариф АБДУЛҲАМИДОВ,
собиқ корманди шуъбаи дин,  танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2017    №: 122    Мутолиа карданд: 146
22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед