logo

иқтисод

ХОНАИ УМЕДИ МО. НАБОЯД ДАР ТОЗАГИИ ОН БЕТАРАФ БОШЕМ!

Дар Наврӯзгоҳи пойтахт чорабинии фарҳангию фароғатӣ ва намоиши беҳтарин дастовардҳои корхонаву муассисаҳои шаҳри Душанбе дар самти истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла маҳсулоти корхонаҳои «Шири Душанбе» ва «Сементи Тоҷикистон», ихтирооту навоварии донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ – техникии пойтахт, таҳти унвони «Душанбешаҳр - макони зебоӣ ва озодагист» доир гардид.
Нахуст роҳбарону масъулони сохторҳои шаҳрӣ перомуни вазъи муҳити зист дар даврони истиқлолият ва татбиқи қонунгузории ҷорӣ дар ин самт суханронӣ намуда, ҳифзи муҳити зистро бо назардошти аз он вобаста будани рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Муинӣ Мавсум, муовини раиси шаҳри Душанбе, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ иштироки бевоситаи аҳолиро зарур дониста, гуфт, ки солҳои ахир шаҳрвандон бо дарки масъулияти шаҳрвандию шаҳрнишинӣ дар чунин чорабиниҳо ва ҳамоишҳои экологӣ иштироки фаъол доранд. Махсусан саҳми аҳли ҷамоатчигии пойтахт дар чорабиниҳои  бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист, Рӯзи ҷаҳонии Замин, Рӯзи парандаҳо,  «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал» ва аксияи велосипедронҳо, ҳамчунин, Соли гул, аксияи тозаю пок доштани соҳилҳои рӯди Варзоб, «Душанбе – покии виҷдон», «Шанбегии сабз» ва дигар ҳашарҳои дар доираи «150 рӯзи ободонӣ», ки ба истиқболи  20 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, хеле назаррас аст. Чунин чорабиниҳо барои бартарафсозии баъзе проблемаҳои экологии дар шаҳр буда тавассути баланд гардидани маърифати экологии мардум самараи дилхоҳ медиҳанд.
Дар шаҳри Душанбе яке аз сабабҳои ифлосшавии муҳити зист, махсусан ҳавои атмосфера корхонаҳои саноатии шаҳр ва нақлиёти автомобилӣ ба ҳисоб меравад. Онҳо дар якҷоягӣ ба ҳаво зиёда аз  100 намуди пайвастҳои кимиёвӣ хориҷ мекунанд. Бино ба маълумоти оморӣ, ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера 20 дарсад ба сарчашмаҳои доимӣ ва 80 дарсад ба воситаи нақлиёт рост меояд. Дар шаҳри Душанбе 160 корхонаи хурду калони саноатӣ, 50 нуқтаи сӯзишворӣ, 12 ҳаммом, 50 нуқтаи таъмири нақлиёт, 42 таваққуфгоҳи нақлиёт, 103 корхонаи шустушӯи нақлиёт мавҷуданд, ки дар натиҷаи фаъолияти онҳо ба ҳавои атмосфера моддаҳои зараровар, ба монанди оксидҳои карбон, оксидҳои азот, карбогидратҳо, ангидриди олтингӯгирд ва чанг хориҷ мешаванд.
Барои таъмини беҳдошти муҳити зист дар шаҳри Душанбе масъалаи баровардан, коркард ва безарар гардондани партовҳо низ проблемаҳои муҳим ва мураккаб ба шумор мераванд. Моҳҳои ахир мушкили сари вақт бурдани онҳо нисбатан беҳтар шуда бошад ҳам, масоили коркард ва безараргардонӣ ҳанӯз боқӣ мондааст. Ба КВД «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе», воқеъ  дар километри 11-уми шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 750 - 800 тонна партовҳои сахти маишӣ бароварда мешаванд, ки ба коркард ва безарарсозӣ ниёз доранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ҳалли саривақтии ин ва дигар масоили ҳалталаби ҳифзи муҳити зист тадбирҳои мушаххас андешида, гурӯҳи муштараки таблиғотӣ оид ба тарғиби маданияту масъулияти шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон  таъсис дод, зеро дарки моҳияти масъалаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби ҳар як сокини пойтахт хеле муҳим аст.
О. ВАФОБЕКЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2017    №: 122    Мутолиа карданд: 232

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед