logo

сиёсат

МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ОСТОНА ЭКСПО - 2017”

Дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳошияи ҷаласаи ин созмон дар Театри давлатии опера ва балети “Остона Опера” дар барномаи рангини консертӣ ва дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии “Остона ЭКСПО - 2017” иштирок карданд.
Дар расми тантанавии ифтитоҳи намоишгоҳи махсусгардонидашудаи “Остона ЭКСПО - 2017” роҳбарони 20 кишвари олам, намояндагони кишварҳои аъзои СҲШ ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон иштирок карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои аъзои СҲШ, инчунин, дигар намояндагони воломақоми кишварҳо бо технологияи наву муосир ва дигар дастовардҳо, ки ба маъраз гузошта шуда буд, шинос шуданд.
Маросими ифтитоҳи намоишгоҳи “Остона ЭКСПО -2017” ба рӯзҳои баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ рост омада, аз барномаи фарҳангии консертӣ, намоиши нурчароғ ва мушакпарронии бардавом иборат буд.
Ҳадаф аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии “Остона ЭКСПО -2017” – ро сарони давлатҳо фурсати мусоиди муаррифии дастовардҳо, имкониятҳои ҳамкорӣ, дарёфти шарикони боэътимод барои рушди равобити дуҷонибаю бисёрҷониба маънидод карданд.
Баъди иштирок дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалӣ сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба охир расид.
Шоми 9 июни соли 2017 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Остонаи Қазоқистон ба Ватан баргаштанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2017    №: 122    Мутолиа карданд: 476

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед