logo

иқтисод

КУЯИ ПОМИДОР. ЧОРАҲОИ МУБОРИЗА

Куяи (миттаи) помидор – Tuta absoluta Meyr зараррасони хавфноки зироати сабзавотӣ дар гармхона ва заминҳои кишти кушод ба ҳисоб меравад. Ватани ин зараррасон Амрикои Ҷанубӣ буда, аз соли 1980 инҷониб босуръат дар дигар мамлакатҳо паҳн мешавад. Соли 2014 дар Тоҷикистон ба мушоҳида расида паҳншавии зараррасон тайи 2 соли охир бештар гардид.
Куя ғайр аз помидор ба зироатҳои дигари оилаи авранҷиҳо – боимҷон, қаламфури булғорӣ ва картошка низ зарари калон мерасонад. Осеби зараррасон дар ҳамаи давраҳои рушду нумӯи зироат – аз сабзиши тухмӣ то пурра пухта расидани ҳосил мушоҳида мегардад. Зараррасон 40 – 70 дарсади ҳосилро ҳам дар гармхона ва ҳам дар замини кушод нобуд мекунад.
Шабпаракҳои зараррасон тарзи ҳаёти шомгард дошта, пас аз фурӯ рафтани офтоб ва пеш аз дамидани субҳ фаъол мегарданд. Онҳо рӯзона  дар баргҳо пинҳон шуда, ҳангоми такондани ниҳол парвоз мекунанд. Ранги шабпарак хокистаранги нуқратоб, дар болои болҳояш доғҳои сиёҳ мавҷуд буда, андозаи танаш 5 – 7 мм ва дарозии болҳояш то 10 мм мебошад. Модинаи куяи помидор дар умри худ то 250 дона тухм мегузорад.
Кирмак дар чор давра инкишоф меёбад ва даври инкишофёбии кирмакҳо ба ҳисоби миёна 9 – 12 рӯзро ташкил медиҳад. Кирмакҳои давраи якум бештар ба баргҳо, кирмакҳои давраҳои минбаъд ба бех, думчаи мева, меваи сабз ва пухтарасида осеб мерасонанд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки як кирмак метавонад ба 5 – 7 барги рустанӣ зарар расонад. Кирмакҳо дар рустаниҳо ва хок ба зоча мубаддал мегарданд. Ба ҳисоби миёна баъд аз 14 – 16 рӯз шабпаракҳои насли нав аз зоча мебароянд. Зараррасон зимистонро ҳамчун тухм, кирмак ё ҳашароти болиғ (шабпарак) аз сар мегузаронад. Давраи инкишофи куяи помидор, вобаста аз ҳарорати боду ҳаво, 26 – 40 рӯз давом мекунад. Дар давоми як сол, вобаста аз шароити муҳит, зараррасон метавонад то 10 – 12 маротиба насл диҳад.
Чораҳои мубориза дар шароити саҳроӣ истифодаи пеститсидҳои (заҳрхимикатҳои) ҳозиразамон (Актеллик, Аваунт, Амплиго, Кораген ва Вертимек), энтомофагҳо (габробракон, трихограмма, тиллочашмак), домҳои феромонӣ (ширешӣ, чароғӣ) ва решакан кардану сӯзондани рустаниҳои зарардида мебошанд.
Дар шароити гармхонаҳо тадбирҳои кимиёии безарагардонӣ пеш аз кишт ё дар вақти кӯчатшинонӣ бо заҳрхимикатҳои Форс, Актеллик, Аваунт, Амплиго, Кораген ва Вертимек таъсирбахшанд. Ҷойҳои ҳаводароии гармхона бояд бо тӯрҳои полиэтиленӣ пӯшида шаванд. Гузоштани домҳои феромонӣ (ширешӣ, чароғӣ) истифодаи энтомофагҳо, решакан кардану сӯзондани рустаниҳои зарардида баъд аз ҷамъоварии ҳосил низ ба нестсозии ин ҳашарот мусоидат  менамоянд.
Муҳлати коркарди охирин бо пеститсидҳо (заҳрхимикатҳо) 20 – 25 рӯз пеш аз пухтани ҳосил мебошад.
Қаҳҳор ҚАҲҲОРОВ,
мудири кафедраи ҳифз ва карантини рустаниҳои ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур,
доктори илмҳои кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2017    №: 123    Мутолиа карданд: 145
22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед