logo

иқтисод

ЛАХШ. ДАРАХТБУРӢ ВА 4300 СОМОНӢ ЗАРАР

Мавзеи Шилбилии ноҳия ҷойи дӯстдоштаи сайёҳон ва мардуми минтақа аст. Дар ин ҷо дарахтону буттаҳои арча, зелол, бушол, талох, дӯлона, фарк, хуч, бодом ва ғайра нисбатан хуб парвариш меёбанд. Дарахту буттаҳои гуногунранг ҷилобахши ҳусни табиатанд. Одамон низ аз онҳо баҳра мебаранд. Вале бераҳмона буридани буттаю дарахтони сабз аз тарафи шаҳрвандон дар ин мавзеъ зиёд ба чашм мерасад, ки боиси нигаронист.

Бадалзода Маҳмуд, судяи суди ноҳияи Лахш, изҳор дошт, ки  чанде пеш бо қарори суд аз шаҳрвандон Ш. Шаймардонов ва С. Назиров барои аз заминҳои хоҷагии ҷангали ноҳия, воқеъ дар деҳаи Шилбилӣ ғайриқонунӣ буридани 67 бех фарку 4 бех арча ҷарима ситонда шуд. Онҳо ниҳолу дарахтони сабзро ҳамчун ҳезум бурида, бо  кирдори бад ба сабзиши минбаъдаи дарахтон дар ин ҷо зарар расондаанд.
Дар маҷлиси судӣ кормандони хоҷагии  ҷангал даъвои прокурори ноҳияро ҷонибдорӣ карда, изҳор доштанд, ки шаҳрвандони номбурда ба хоҷагии ҷангал зиёда аз 4300 сомонӣ зарари  моддӣ расондаанд.
Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия низ баҳри беҳдошти ҳолати наботот дар байни аҳолӣ 8 маротиба санҷиш гузаронда, 11 протокол тартиб додааст.
Сарфи назар аз назорати ҷиддӣ дар самти ҳифзи табиат ва ҷангалзор дар заминҳои фонди давлатии ҷангал ҳолатҳои бераҳмона буридани дарахту буттаҳои сабз, ки тӯли солҳо қад кашидаанд, ба мушоҳида мерасанд.
Баъзе аз шаҳрвандон дидаю дониста ба харобсозии ҷангалзорҳо даст зада, ҳусни зебои табиати диёрро доғдор месозанд. Қонуншиканиҳо дар ин самт аз куҷо сарчашма мегиранд? Суолест, ки аз масъулон посух мехоҳад.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2017    №: 123    Мутолиа карданд: 264

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед