logo

сиёсат

ҲАМОИШИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз дар Маҷмааи давлатии “Кохи Наврӯз” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори чорабинии муҳими байналмилалӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, роҳбарону намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, корпуси дипломатии муқими Душанбе ва коршиносону масъулони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ширкат доштанд.
Дар суханронии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ташрифи Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон ва баргузории ҳамоишро имконияти бузург барои шиносоии бештар ва воқеӣ бо Тоҷикистон, ҳамчунин, бо талошҳои Ҳукумати мо дар масири рушди устувор ва мавқеи қотеонаи он дар арсаи мубориза бо мушкилоту хатарҳои муосир арзёбӣ намуданд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили чунин як чорабинии муҳим ва пайгирии масъалаҳои ҳалталаби ҷаҳони муосир изҳори сипосу миннатдорӣ кард.
Дар рафти кори ҳамоиш ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва дигар коршиносони дохилию хориҷӣ оид ба талошҳову дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор сухан ронданд.
Дар бахшҳои алоҳидаи ҳамоиш масъалаҳои «Таъсири тағйирёбиии иқлим ба рушди Тоҷикистон» ва Ҳадафҳои рушди устувор, таъмини амнияти озуқаворӣ, соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон, мушкилот ва имкониятҳо барои татбиқи Барномаи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор ва ғайра баррасӣ гардиданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2017    №: 123    Мутолиа карданд: 458

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед