logo

Хабарҳо

Шиносоии гурӯҳи корӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ВМКБ

Гурӯҳи кории  Ҳукумати мамлакат  таҳти роҳбарии  раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар аз як қатор иншооти навбунёди шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон дидан намуд.
Боздиди гурӯҳи корӣ  аз  шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар  бинои  маъмурии   Ҷамоати шаҳраки  Шириншоҳ Шоҳтемур   оғоз гардид. Мувофиқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бино дар  рӯзҳои таҷлили иди Ваҳдати миллӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар  ҳамин мавзеъ, ҳамчунин,  бунёди бинои нави раёсати маорифи вилоят ва  коллеҷи тиббӣ идома дорад.
Гурӯҳи корӣ, ҳамчунин, бо вазъи корҳои сохтмонӣ дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ низ шинос гардиданд. Масоҳати донишгоҳ ҳаштуним гектарро ташкил медиҳад. Дар баробари бинои таълимӣ хобгоҳ барои устодону донишҷӯён, майдони футбол, ошхона, китобхона ва озмоишгоҳҳои фаннӣ бунёд гардидаанд. Боиси зикр аст, ки дар бунёди он 17 ширкати сохтмонӣ, аз ҷумла 6 ширкати хориҷӣ, иштирок доранд.
Қосим Роҳбар аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, аз бинокорон даъват ба амал овард, ки ба сифати корҳо бештар аҳамият диҳанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 118

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд

Шойгу: «Дар Сурия ҳудуди нуфузи ҷангиён ду ним маротиба коҳиш ёфт»

Ҳамкории калонтарин шабакаҳои иҷтимоии Чин бо ҳукумат

Зери таҳримот ҳам иқтисоди Русия рушд мекунад

12.08.2017


Сафири Тоҷикистон дар Эфиопия эътиборнома супурд

Бунёди корхонаи истеҳсолӣ дар ноҳияи Данғара

Душанбе. Анъанаи пардохти иловапулии якдафъаина идома хоҳад ёфт

Ноҳияи Рӯдакӣ. Талабот ба либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ меафзояд

Хатлон. 15 корхона кор накард

Ҷаҳон дар як сатр

Аксари террорист – маргталабҳои «Боко Ҳарам» занону кӯдаконанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед