logo

иҷтимоиёт

БО ДАСТУ ДИЛИ ГАРМ

Дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ-фарҳангии кишвари азизи худ бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд». Ва бо назардошти ин маънӣ Пешвои миллат соли 2017 - ро Соли ҷавонон эълон намуданд. Ин иқдоми Сарвари давлат аз он далолат мекунад, ки роҳбарияти олии мамлакат ба ҷавонон, ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа, эътиқод дорад ва ҳамеша аз манфиатҳои онҳо ҳимояву пуштибонӣ хоҳад кард.
Мо худ шоҳидем, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷавонон ҳамеша аз дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати кишвар бархӯрдоранд. Барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҷомеа соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид, ки он ҷиҳати тарбияи насли навраси худогоҳу меҳанпараст шароитҳои мусоид фароҳам овард. Маҳз қабули ҳамин санади сарнавиштсоз боиси он гашт, ки ҷавонони лаёқатманду кордон ба воя расида, дар идораву муассисаҳои давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар мансабҳои баланд баҳри пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, дар амал татбиқ шудани адолати судӣ, таъмини амнияти мардум ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ фаъолияти пурсамар намоянд.
Пас ҷавонони тоҷикро мебояд дар ҷавоб ба ин дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии давлату Ҳукумати кишвар бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ тамоми саъю кӯшиши хешро ба он равона созанд, ки иқтидори мудофиавӣ ва иқтисодии мамлакат боз ҳам пурқувваттар гашта, Ватани азизамон дар радифи мамолики пешрафтаву мутараққӣ ҷой гирад. Зеро ояндаи Тоҷикистон ва рушду равнақи он маҳз дар дасти ҷавонон аст.    
Саидзода Муҳаммадкарим Муҳаммадшариф,
сардори шуъбаи умумии суди иқтисодии вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2017    №: 124    Мутолиа карданд: 216

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед