logo

иҷтимоиёт

МИЛЛИТАРИН ВА МУҲИМТАРИН ҚОНУН

Дар даврони истиқлоли кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаву мардумгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои зиёд ба тасвиб расидаву мавриди амал қарор гирифтанд, ки дар беҳбуд бахшидани ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва арзишгароии миллат нақши муассир доранд.
Бешак, аз миллитарин, мардумитарин ва муҳимтарин қонуне, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат ва дастгирии оммаи васеи мардуми кишвар мувофиқ ба меъёрҳои конститутсионию байналмилалӣ қабул ва амалӣ гашта истодааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад.
Ҳарчанд қонуни мазкур 8 июни соли 2007 қабул гашта бошад ҳам, аз назари инҷониб   ҳанӯз  вазъи сиёсӣ - иҷтимоии кишвар ба эътидол наомада буд, ки Президенти мамлакат бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ва маърифати волоии иқтисодӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоии мардуми кишвар, аз байн бурдани ҳамагуна падидаҳои зоҳирпарастиву низоангез дар ин самт иқдомҳои саривақтӣ намуда, 9 - уми июли соли 1999 фармони «Дар бораи ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро ба тавсиб расонданд, ки заминаи муҳиме барои қабулу батасвибрасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардид.
Воқеан, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» на танҳо дар қонунгузории амалкунандаи  кишвар, балки дар навъи худ дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ таҷрибаи комилан нав буда, маҳз ба хотири посдории анъанаву арзишҳои миллӣ дар доираи манфиатҳои мардум, хусусан ҷилавгирӣ аз хисорот ёфтани иқтисоди ҳар хонавода ва хати бутлон кашидан ба ҳама гуна исрофкориҳову худнамоиҳо таҳия шудааст.
Қонун анъанаву маросим ва одатҳои миллиро ба танзим дароварда, бад-ин васила дар маҳбубияту мондагор гаштани онҳо таъсиргузор мебошад. Ба ин маъно, ки нукоти мазкур (урфу одатҳо) - и миллӣ бинобар авҷ гирифтани таассуботи хурофотию «мусобиқаҳо» - и худхоҳонаву худпарастона ба гунае ба «дарди сар», ҳатто мусибати миллат бадал гашта буданд. Чунончи, пеш аз қабули ин қонун аз хароҷоти сафар ба ҳаҷ дида, хароҷоти маросими он: маъракаҳои гуселу пешвози ҳоҷӣ ва ҳоҷиталбону ҳоҷиошӣ ба маротиб бештар буд. Ва ё бештари хонаводаҳо баъди гузарондани тӯю маъракаҳо зери бори қарзҳои ҳангуфте қарор мегирифтанд, ки ҳатто боиси хонавайрониҳои бархе аз мардум гашта буданд. Ин гуна хароҷотҳои ноҷо гоҳе ба даст задани мардум ба қонуншиканиҳову амалҳои номатлуб замина мегузошт. Ҳамин буд, ки ҳанӯз 24 майи соли 2007 Сарвари давлат дар робита ба урфу одатҳо ва маросимҳои миллӣ таъкид намуда буданд: «Қисме аз мардуми мо ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад».
 Имрӯз аз қабули ин қонун даҳ сол сипарӣ мешавад. Дар ин муддат миллати тоҷик ба дастовардҳои назаррасе ноил гашт ва дар татбиқи амалии қонуни зикршуда низ таҷрибаи кофӣ андухтааст. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки вобаста ба шароити замониву маконии маҳал  ба бархе аз моддаҳои он, аз ҷумла моддаи 14, зербанди «Тӯю маросимҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то 23 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то 23 гузаронда мешаванд» тағйирот ворид карда, замони баргузории тӯю маросимҳо ба таври мавсимӣ таъйин гардад. Ба ин маъно, ки вақти дар қонун нишондода вобаста ба мавсимҳои сол он қадар  муносиб нест.
Мутмаинем, ки мардуми сарбаланди кишвар аз сиёсати  пешгирифтаи Сарвари давлат пуштибонӣ намуда, дар амалӣ намудани талаботи он тамоми саъю  кӯшиши  худро равона месозанд.
Абдусалом МИРАЛИЕВ,
 муовини аввали ректори ДМТ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2017    №: 124    Мутолиа карданд: 113
22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед