logo

сиёсат

ФАЙЗИ НУСРАТБАХШ

Шафеиён ИСЛОМ, раиси шаҳри Панҷакент

Файзи зиндагиоро ва нусратбахши ваҳдати миллӣ имрӯз ба шаҳру деҳоти кишвар, ба мардуми ваҳдатшиору сулҳпарвари мо баракату барор овардааст. Ҳамон сулҳу иттиҳод ва ваҳдати комил, ки файласуфону адибон дар осори хеш бақои ҳастии инсонҳо унвон кардаанду бист сол муқаддам мардуми тоҷик дар орзуи расидани қадами муборакаш буданд, ба шарофати иродаи матин ва тавонмандию ҷасорати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барқарору устувор шуд.
Аз файзу баракати сулҳу ваҳдати миллӣ сокинони Панҷакенти бостонӣ низ ба зиндагии шоистаю босаодат расиданд. Аммо хотираҳои талху ҳузнангези миллат дар солҳои навадуми асри гузашта ҳанӯз дилу дидаи мардумро тарк накардааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мардуми минтақаҳои гирифтори даргириҳои мусаллаҳона тарки манзилу зодгоҳи худ намуда, ба шаҳру навоҳии нисбатан ороми кишвар паноҳ мебурданд. Дар ҳамон айёми душвору сангин мардуми меҳмоннавози Панҷакент дари худро ба рӯи паноҳандагон боз намуда, садҳо нафари иҷборан тарки манзилкардаро ба оғӯш гирифтанд. Бо мусоидату дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ғамхорию меҳрубонии инсонҳои нек онҳо бо ҷойи кор, манзили зист, муҳимтар аз ҳама, бо ҳаёту зиндагии амну осоишта фаро гирифта шуданд.
Дар он айём нолаю фиғон ва сӯгу дарди бисёр оилаҳо, ки ҷигарбандонашон дар оташи даргириҳо ҷони худро аз даст дода буданд, ба фалак мепечид. Даҳҳо ҷавони навхати шаҳри Панҷакент қурбони даргириҳои бемаънӣ шуданд ва модарону занону хоҳарон то имрӯз сӯзу ҳасрат дар дил доранду ашк дар чашмон. Тӯю сури мардум низ  шодибахшу армоншикан набуд. Волидон дар ҳоли гарони ноилоҷию тангдастӣ хатнасури писаронро мегузаронданд. Бо қарз, фурӯхтани бисоти рӯзгор ва дороиҳояшон фарзандонро хонадор мекарданд.
Дар рӯи дастархони соҳибони маъракаҳо ба ҷуз чанд пора нону табақҳои нимахолии ош чизе набуд. Зеро нон камёб, рафҳои мағозаю бозорҳо холӣ ва ҳамаро ваҳму ҳарос аз тақдири Ватану миллат фаро гирифта буд.
Тибқи оморе, ки маҳфуз аст, соли 1993 дар Ҷамоати деҳоти Қӯштеппа (ҳоло Халифа Ҳасан) ҳамагӣ ёздаҳ тӯй баргузор шудааст. Ҳоло дар як рӯз дар ин ҷамоат аз шумораи зикршуда бештар дастархони тӯю маърака густурда мешавад. Боз як мисоли фарқкунанда аз ҳамин ҷамоат. Дар тӯли бист соли охир сокинони ҷамоат беш аз ду ҳазор хонаи хуштарҳи як ва дуошёна сохта, сатҳу сифати зиндагии худро баланд бардоштанд. Дар ҳудуди ҷамоат шаҳракҳои нави Обшорон, Деваштич, Хамиртеппа бо оби фаровон ва шароитҳои хуби зист арзи ҳастӣ намуданд. Зимнан, хонаҳои замонавӣ  дар шаҳраки Хамиртеппа бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, саҳми соҳибкорон ва ташкилоту идораҳо сохта шуданд.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва бист соли ваҳдати миллӣ шароити зисту зиндагонии сокинони шаҳри Панҷакент  ба куллӣ тағйир ёфт. Ба ин, аз ҷумла Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2 сентябри соли 2010, № 441 “Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд додани қитъаҳои замин” такони ҷиддӣ бахшид. Дар асоси он 2046,72 гектар замин барои қитъаҳои наздиҳавлӣ ҷудо гардида, ба 14 ҳазору 567 нафар оилаи  эҳтиёҷманд тақсим шуд.  Тавассути ин ғамхории навбатии Ҳукумати мамлакат мушкили зиёди мардуми Панҷакент дар иртибот ба замин ва манзили зист ҳал гашт.
Симои шаҳру деҳоти Панҷакент низ дар ин давра бо бунёди садҳо иншооти таъйиноти иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ дигаргун гардид. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақбҳои “Истиқлол”, Шаҳристон ва сохтмону таҷдиди шоҳроҳи Айнӣ - Панҷакент водии Зарафшонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшид. Фаъолияти пурсамари ҶДММ КМ “Зарафшон” ва як қатор коргоҳҳои хурд, кишоварзии бобарор иқтисодиёти Панҷакентро пешрафта гардонд. Ба хотири тасдиқи ҳаҷму андозаи сатҳи пешрафт кифоя аст бигӯем, ки ҳоло Панҷакент нуздаҳ дарсади маҷмӯи маҳсулоти саноатии вилояти Суғдро истеҳсол мекунад. Қарор аст то поёни соли ҷорӣ дар Панҷакент 14 иншооти ҷашнӣ, бо шумули биноҳои баландошёнаи маъмурию истиқоматӣ, бунёд гардад.
Ҳамаи ин дастовардҳо аз файзи нусратбахши ваҳдати миллӣ, ба шарофати ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат насиби мардуми сипосгузори Панҷакент гаштааст. Сокинони шаҳр аз он шукргузоранд, ки Сарвари давлат дар рӯзҳои вазнини ба сарашон омада, дар паҳлуяшон қарор доштанд. Замоне ки бар асари боришҳои пай дар пай ва омадани сел  ба хоҷагиҳо ва сокинони шаҳри Панҷакент хисороти зиёд расида, даҳҳо қурбонӣ аз худ боқӣ гузошт, Президенти мамлакат аз ин шаҳри бостонӣ дидор карда, барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиат аз роҳбарони шаҳру навоҳии мамлакат андешидани иқдомоти саривақтиро тақозо намуданд. Дар камтарин фурсат бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат оқибатҳои харобиовари сел бартараф ва мардуми зарардида бо хонаҳои навсохт таъмин гардиданд. 140 бинои сеҳуҷрагии айвондори истиқоматӣ ва бинои мактаби намунавӣ барои аз сел  осебдидагони Ҷамоати деҳоти Шинг сохта ба истифода дода шуданд.
Дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани хонаҳову мактаб Пешвои миллат ба шаҳраки тозабунёди Саразми Ҷамоати деҳоти Саразм омада, зимни супурдани калиди хонаҳо ба зарардидагон гуфта буданд: “Дар паҳлуи мову шумо яке аз ҷойҳои муқаддаси миллати тоҷик - шаҳри қадимаи Саразм - ибтидои тамаддуни кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунармандӣ ҷой гирифтааст. Аз ин рӯ, шаҳраки нав бояд Саразм ва ҷамоати деҳот низ Саразм номида шавад. Бовар дорам, Саразм, ки таърихи зиёда аз шашҳазорсола дорад, зиёратгоҳи сайёҳони бешумор, ифтихори мардуми Тоҷикистон хоҳад шуд. Ҳукумати Тоҷикистон дар пайи он аст, ки масъалаи ободу обёрӣ намудани Ҷамоати деҳоти Саразм ҳар чи зудтар ҳаллу фасли худро ёбад”.
Фарзанди фарзонаи миллат аз сари меҳру ихлос ба ин диёри бостонӣ ва ба ин мардуми самимию дилкушод  ваъдаҳои худро иҷро карданд. Дере нагузашта бо  талошҳои пайвастаи Президенти мамлакат ёдгории Саразм ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО шомил шуд. Дар куҳнадашти ниёгон се пойгоҳи муқтадири обкашӣ ба кор даромада, якҷо бо ду канали таҷдидшуда Саразмро ба воҳаи сабзу шукуфон табдил доданд ва мардумро ба рӯзгори шоиста расонданд.
Дар тӯли бист соли сулҳу ваҳдати миллӣ ва осоиштагии саросарӣ дар Тоҷикистон, ҳамин тавр шаҳру шаҳракҳо қомат рост карданд, таҷдид шуданд, коргоҳҳои азими саноатӣ ба кор даромаданд, дашту саҳроҳо ба гулистон табдил ёфтанд ва Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз дар байни кишварҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шуҳрату ҷойгоҳи хоси худро соҳиб гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2017    №: 124    Мутолиа карданд: 681

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед