logo

Хабарҳо

"Технологияи фарматсевтӣ"

Ба табъ расидани китоби нави донишманди варзидаи тоҷик, профессори кафедраи технология ва биотехнологияи фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои фарматсевтӣ Сафол Мӯсоев бо ҳаммуаллифон Н. Д. Саидов, И. И. Краснюк, Н. Б. Саидов бо номи «Технологияи фарматсевтӣ»  ҳамчун як падидаи тозаи фарҳангӣ дар риштаи дорусозӣ арзёбӣ мегардад. Онро яке аз аввалин иқдомоти китобнигорӣ дар соҳаи технологияҳои дақиқ – технологияи шаклҳои дору метавон эътироф намуд, ки бо забони давлатӣ навишта шудааст. Китоб барои доираи васеи донишҷӯёни факултетҳои фарматсевтӣ, мутахассисони дорусоз ва дигар  хонандагон мебошад.

Дар таҷрибаи таълимии ин фан борҳо мушкилоти набудани чунин адабиёти фаннӣ ҳам аз тарафи устодон ва ҳам аз тарафи муҳассилини соҳа баръало эҳсос карда мешуд, ки он ба раванди сифати тахассусикунонӣ таъсири манфӣ мерасонд. Махсусан, дар баробари маълумоти густурдаи фаннӣ дар ин китоб аз ҳама бештар масъалаи интихоб ва корбасти дурусти мафҳумҳои асосии фаннӣ, истилоҳот ва истилоҳгузинӣ,  ки дар забони имрӯзаи илмӣ, яке аз масъалаҳои умда ба ҳисоб меравад, хеле  коршиносона мавриди назари муаллифон қарор гирифтааст. Дар он аз ҳама шартҳои истилоҳсозии забони тоҷикӣ истифода бурда шуда, дар сурати мувофиқат накардани истилоҳ бо муродифи тоҷикии он истилоҳ дар шакли байналхалқии он қабул гардидааст. Ҳамчунин, калимаҳои зиёди маъмулӣ, аз қабили ҷӯшоба, дамоба, луобӣ, малҳамҳо, борҷомаи дору ва ба ин монанд вохӯрдан мумкин аст, ки ҳамчун истилоҳи фаннӣ қабул карда шудаанд.
Пайрав ХАЛИФАЕВ, омӯзгори ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 171

23.10.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Наталия Герман

Масоили мубрами ҳамкориҳо матраҳ гаштанд

Ҷаласаи гурӯҳи коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои ИДМ

Ҳамоиши илмӣ бахшида ба ҳаёт ва осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Нигаронии Путин аз технологияи мудҳиштар аз бомбаи ҳастаӣ

Англия барои сокинони Раққа 13 миллион доллар ҷудо кард

Туризми байналмилалӣ ҳамасола 5 дарсад рушд мекунад

Полис чор кӯдакро аз хонаи оташгирифта наҷот дод

Номаи мусофири «Титаник» ба 126 миллион фунт ба савдо рафт

20.10.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки рушди Осиё

Мулоқоти Музаффар Ҳусейнзода ва Катрин Оллерс

Фарҳангҳои инсонсолорӣ ва таҳаммулгароиро ривоҷ бояд бахшид

Баррасии мубориза алайҳи ифротгароӣ

Бунёди бинои шуъбачаи милитсия дар Мурғоб

Хабарҳо аз Хатлон

Ҷаҳон дар як сатр

Иқтисоди ҷаҳонӣ аз таҳримот алайҳи Русия 335 миллиард доллар зарар дид

Террористон барои ИМА «11 сентябр» - и дуюм ташкил карданианд

Тиллерсон: «То Афғонистон ором нашавад, мо аз он ҷо намеравем»

Дар Қазоқистон соли 2020 беш аз 87 миллион тонна нафт истихроҷ мешавад

Метеорити 4,5 миллиардсола ба музояда гузошта шуд

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед