logo

иҷтимоиёт

ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ. НАВРАСОНРО БА ҲОЛИ ХУД НАГУЗОРЕМ!

Телефони мобилӣ дар ҳаёт мақоми хос дорад. Аммо илми тиб ва таҷриба собит намуд, ки телефонҳои мобилиро аз манфиат дида зарарашон, ҳам  ба саломатӣ ва ҳам  ба сатҳи иқтисодӣ,  бештар аст. Ин дар ҳолест, ки  қисми зиёди одамон дутоӣ телефони  ҳамроҳ доранд ва мунтазам аз ҳардуяшон истифода мебаранд. Ба гуфтаи коршиносон танҳо тақрибан 20 дарсади истифодабарандагон  дар бораи  зарари телефонҳои ҳамроҳ ба саломатӣ маълумоти зарурӣ доранду халос.
Ин чунин маъно дорад, ки қисми зиёди истифодабарандагон фарҳанги дурусти истифодаи телефони мобилиро намедонанд.
Зарари телефони мобилиро  бо афканишоти  электромагнитиаш алоқаманд медонанд. Албатта, дигар асбобҳои барқӣ, масалан яхдон, телевизиор низ аз худ чунин мавҷ меафкананд, вале ба гуфтаи коршиносон телефонҳои  мобилӣ бевосита ба майнаи сари инсон зарар мерасонанд. Бино бар  иттилои  табибон афканишоти электромагнитӣ  барои он ба инсон аз ҳад зиёд зарар дорад, ки он муддати зиёд аз худ ягон  маълумоте  нишон надода, дар  паёмад самараи гӯшношунид ба бор меорад.  Зеро тағйироти начандон калони мағзи сар метавонад  ба тамоми бунияи инсон таъсир  расонад.
Ҳангоми танаффуси байни гуфтугӯҳо бисёриҳо онро  дар ҷайб, баъзан дар  назди худ мегузоранд. Ин чунин маъно дорад, ки онҳо сарчашмаи  зиёди афканишоти электромагнитиро    дар назди худ нигоҳ дошта, бунияи  худро ба сарбории гароне  гирифтор мекунанд, ки он боиси сустшавии на танҳо системаи марказии асаб, балки  пастшавии муқовиматпазирии организм ба ангезаҳои беруна - бактерия ва вирусҳои  касалиовар мегардад.
Ташвишовар он аст, ки агар насли калонсоли мо бо телефони мобилӣ дар  синни балоғат ошно шуда бошад, айни замон наврасон аз хурдсолӣ онро мавриди истифода қарор медиҳанд. Баъзе волидон телефони  мобилиро ба дасти кӯдакон чун воситаи дилхушӣ медиҳанд. Дар ҳоле, ки олимон барои кӯдакон истифодаи ин навъи телефонро  қатъиян манъ мекунанд. Ба андешаи онҳо организми обутобнаёфтаи кӯдак  нисбат ба организми калонсолон зарари бештар мебинанд. Аз ҷониби дигар, ҳастанд ҳолатҳое, ки  ҳангоми гӯш намудани мусиқӣ аз телефон, ҳангоми аз роҳ гузаштан, ё гирифтани расми ба истилоҳ «селфи»  ба ҳолатҳои нохуш гирифтор шудаанд.
Бо назардошти ин Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барномаи махсус «Майдони электромагнитӣ ва  солимии инсон» - ро таҳия намуд. Мақсад аз таҳияи барномаи мазкур огоҳ намудани сокинони сайёра  аз  воситаҳои гуногуне, ки аз худ мавҷҳои электромагнитӣ хориҷ менамоянд, хусусан телефони мобилӣ ва баланд бардоштани фарҳанги истифодаи дурусти он  арзёбӣ мегардад. 
Албатта,  ҳар  нафар мехоҳад  аз  рӯйдоду навигариҳои ҷомеа   огоҳ бошаду байни дигарон онро паҳн намояд. Ин амал яке аз талаботи муҳими замони иттилоот дониста мешавад. Аммо, пеш аз ҳама,  саломатӣ аст ва онро бояд эҳтиёт намуд.  Барои ин зарур аст фарҳанги истифодаи онро донист ва дуруст истифода намуд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2017    №: 125    Мутолиа карданд: 243

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед