logo

иқтисод

СУҒД. 5 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ТАЪМИРИ БЕМОРХОНАҲО

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои таъмиру азнавсозии иншооти тандурустии вилоят дар соли 2017 зиёда аз 5 миллион сомонӣ ҷудо намуд.

Бино ба гуфтаи Фаррух Мақсудзода, сардори раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд, маблағи мазкур, асосан, баҳри таъмиру харидории лифт барои Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи С. Қутфиддинов, ҳамчунин, барқарор кардани шабакаҳои гармидиҳии муттамарказондашудаи марказҳои бемориҳои дил, эндокринологӣ ва таваллудхонаи вилоятӣ равона карда мешавад. Ин иқдоми роҳбарияти вилоят се сол инҷониб амалӣ гардида, дар ин давра Беморхонаи вилоятии бачагона, Маркази микроҷарроҳии чашм ва таваллудхонаи вилоятӣ бо шабакаҳои гармидиҳии муттамарказонида пайваст шуд.
Ҳамчунин, бо иқдоми раисони шаҳру навоҳии вилоят як қатор амалҳои созанда дар самти гармидиҳӣ ба муассисаҳои тиббӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар шуъбаҳои 1 ва 2 - юми Беморхонаи клиникии шаҳрии № 1 - и шаҳри Хуҷанд, беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Конибодом, Панҷакент ва ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров, Мастчоҳ, Шаҳристон корҳои таъмирӣ гузаронда шуда истодаанд.
Фаррух Мақсудзода, иброз дошт, ки дар арафаи таҷлили ҷашнҳои миллӣ дар вилоят 2 иншооти  нав мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ин ҳам бошад, шуъбаҳои таваллуди Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич ва ҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом мебошанд. Маблағгузории ин иншоот пурра аз буҷети вилоят сурат гирифта, таҷҳизоту лавозимоти муосир аз давлатҳои мутараққӣ харидорӣ мегардад. Бо дастгирии Лоиҳаи беҳтаргардонии хизматрасонии тиббӣ дар се ноҳия - Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Мастчоҳ сохтмони якчанд марказҳои саломатӣ оғоз гардид, ки арзиши лоиҳавии онҳо аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ то 1 миллиону 960 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Саҳми соҳибкорони вилоят низ дар корҳои ободониву созандагӣ чашмрас аст. Онҳо дар сохтмону баистифодадиҳии иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла бунёди бунгоҳҳои саломатӣ дар шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Ашт ва Мастчоҳ саҳм мегузоранд.
Ба гуфтаи сардори раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят ҳамасола ба муассисаҳои тандурустӣ ба маблағи 1 миллион сомонӣ таҷҳизоти наву муосир дастрас карда мешавад.
Раҳматулло КАРИМОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2017    №: 125    Мутолиа карданд: 235

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед