logo

сиёсат

МУШКИЛОТИ ҶАҲОНИИ ОБ ВА ИСТИҚБОЛ АЗ ИҚДОМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Антониу Гутерриш,  Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, зимни сафари доманадор ба Тоҷикистон татбиқи созишномаю қарордодҳои байналмилалиро оид ба ҳалли масъалаҳои сиёсию иҷтимоии ҷаҳон дар кишвар баланд арзёбӣ намуд. Номбурда ташаббуси Тоҷикистон – эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018  – 2028  – ро, ки Маҷмааи кулли СММ бо аксарияти кулли раъйҳо онро пазируфт, иқдоми саривақтӣ ва  дар заминаи он   ҳамкории давлатҳои аъзои созмонро  муҳим донист.  
Воқеан,  Дабири кулли СММ ба ташаббусҳои Роҳбарияти олии мамлакат дар самти бартарафсозии мушкилоти сиёсию иқтисодии аҳолии сайёраи замин, хусусан вобаста ба масъалаҳои ҳалталаби обӣ,  таваҷҷуҳи хеле зиёд намуд. Дар  ҷараёни  ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир»  дар шаҳри Душанбе зикр гардид, ки  даҳсолаи эълонгардида дар раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон қадами ҷиддие хоҳад гузошт. Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷиҳати  истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои обӣ дар байни кишварҳои ҷаҳон пешгом аст. Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоти ҷаҳонии об аҳамияти хоса зоҳир намуда, пайваста бо назару дидгоҳҳои наву созанда ҳалли онро дар арсаи ҷаҳонӣ ба миён мегузоранд. Ҳоло барои мамолики дигар ва созмонҳои байналмилалӣ  чунин шеваи муносибат бо захираҳои обӣ  зарур омадааст.
Антониу Гутерриш таъкид дошт, ки вазъи кунунии сайёраи замин дар масъалаи манбаъҳои обӣ, бавижа аз байн рафтани пиряхҳо, моро  водор месозад, ки барои боз ҳам беҳтар намудани мудирияти онҳо дар мисоли Тоҷикистон кӯшишҳои муштарак ба харҷ диҳем. Гузашта аз ин, истифодаи иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки аз лиҳози барқи тоза беназир мебошад, барои минтақа аҳамияти муассир дорад. Баҳрабардорӣ аз имкониятҳои гидроэнергетикӣ дар чорчӯбаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бояд самти муҳими ҳамкориҳои муштараки давлатҳои минтақа қарор гирад.
Сафари  чандрӯзаи роҳбари бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ ба кишвар ва мавриди баррасӣ қарор ёфтани мавзӯъҳои мубрами глобалӣ дар доираи ҳамоиши сатҳи баланд дар Тоҷикистон нишон дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои бисёрҷонибаро бо ин созмон ниҳоят хуб ба роҳ мондаанд.
Умед ДАВЛАТЗОД, муовини вазири
рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2017    №: 125    Мутолиа карданд: 613

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед