logo

иқтисод

КАРТОШКА. БО ГАМБӮСАКИ КОЛОРАДОӢ ЧӢ ГУНА МУБОРИЗА БАРЕМ?

Дар давраи парвариш ва ҷамъоварии ҳосили картошка мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва касалиҳо  нақши муҳим дорад. Вобаста ба шароити иқтисодии хоҷагиҳои картошкапарвар, мубориза бар зидди ҳашароту касалиҳо бо усулҳои агротехникӣ, кимиёӣ ва биологӣ ба амал бароварда мешавад.
Ба хоҷагиҳои картошкапарвар гамбӯсаки колорадоӣ - Leptinotarsa decemlineata Say зарари зиёди иқтисодӣ меорад. Кирмина ва гамбӯсаки колорадоӣ аз барг ва танаи картошка ғизо гирифта, аз 60 - 70, баъзан то 100 дарсади ҳосилро нобуд мекунад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гамбӯсаки колорадоӣ солҳои 80-уми асри XX пайдо шуд. Ин гамбӯсак дар марҳилаи болиғаш зимистонро дар  замин ё  дохили картошка мегузаронад. Аз зери хок баромадани гамбӯсакҳо моҳи апрел оғоз ёфта, то май идома меёбад. Модагамбӯсак дар  зери баргҳо дар шакли тӯдача 30 - 40 дона, баъзан то 110 - 130 дона тухм мегузорад. Дар шароити барояш муътадил як модагамбӯсаки колорадоӣ зиёда аз 1200 дона тухм гузошта метавонад.
Чораҳои  мубориза бо гамбӯсаки колорадоӣ чунинанд: аз майдон баргу пояи картошкаро ҷамъоварӣ намудан дар тирамоҳ заминро чуқур  шудгор кардан, корҳои обёрии зимистона (яхобмонӣ) – ро мувофиқи қоидаҳои агротехникӣ анҷом додан, киштро дар муҳлати мувофиқ бо  тухмиҳои заҳролудшуда гузарондан. Ба воситаи кишти барвақтии (фитнагаронаи) картошка гамбӯсаки колорадоиро аз зимистонгузаронӣ барвақттар бедор карда, баъд ба воситаи заҳрҳои кимиёӣ (инсектитсидҳо) нобуд намудан мумкин аст. Ҳамчунин, нест кардани алафҳои бегона, киштгардони зироатҳо дар ҳар 2 - 3 сол, ба роҳ мондани агротехникаи муосир ва  ғизодиҳӣ бо нуриҳои минералӣ низ роҳҳои мубориза бар зидди гамбӯсаки колорадоӣ мебошанд.
Ба муқобили гамбӯсаки колорадоӣ аз заҳрхимикатҳои муосири таъсирнок истифода бурдан ба мақсад мувофиқ мебошад. Дар хотир бояд дошт, ки истифодаи заҳрхимикатҳоро  20 - 25 рӯз пеш аз расидани ҳосил қатъ кардан даркор аст.
Қаҳҳор ҚАҲҲОРОВ,
доктори илмҳои кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2017    №: 126-127    Мутолиа карданд: 72
22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед