logo

сиёсат

ИЗҲОРОТИ МУШТАРАК ОИД БА НАТИҶАҲОИ САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ АРМАНИСТОН

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Арманистон С. Саргсян Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон санаи 14 - 15 июни соли 2017 бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арманистон ташриф овард.
Дар рафти музокирот, ки дар арафаи 25 - солагии истиқрори муносиботи дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон сурат гирифт, сарони давлатҳо аҳамияти чорабинии мазкурро махсус таъкид намуданд, ки он дар таърихи дӯстии чандинасраи миёни мардумони ҳар ду кишвар саҳифаи наверо боз намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Арманистон,
ҳолат ва пойдории рушди муносибатҳои фарогири Тоҷикистону Арманистонро дар тамоми самтҳо ҳамаҷониба баррасӣ намуда,
ба робитаҳои мустаҳками таърихӣ миёни Тоҷикистон ва Арманистон,  риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкории бисёрасраи мардумони ҳар ду кишвар такя намуда,
дахлнопазирӣ ва устувории муқаррароти Шартнома дар бораи дӯстӣ ва ҳамкории миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистонро аз 3 апрели соли 2002 ба асос гирифта,
бо эътимод ба он, ки таҳкими минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон ба манфиатҳои калидии мардуми ҳар ду кишвар ҷавобгӯ мебошанд,
аҳамият ва мувофиқи мақсад будани таҳкими ҳамкориҳои зичи минбаъда ва ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар арсаи байналмилалӣ қайд намуда,
ҷиҳати рушд ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, беш аз пеш тақвият додани ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон ба онҳо шомиланд,  саъю кӯшиш намуда,
чунин изҳор менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон азми қавӣ  доранд, ки дӯстии халқҳои миёни ҳар ду кишварро бештар тақвият бахшанд ва афзоянд. Онҳо муносибатҳои худро дар заминаи шарикӣ, дар рӯҳияи боварӣ ба якдигар ба роҳ монда, принсипҳои эҳтироми соҳибихтиёрӣ, ҳаллу фасли мусолиҳатомези баҳсҳо ва истифода набурдани зӯрӣ ё таҳдид бо зӯрӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, баробарҳуқуқӣ ва манфиатҳои тарафайнро ба роҳбарӣ мегиранд.
Сарони давлатҳо ҷиҳати таъмиқи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, нақлиёт, ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, инчунин, дар соҳаҳои илм, фарҳанг,  сайёҳӣ  ва тандурустӣ изҳори омодагии худро баён намуданд.
Президентҳо тасдиқ намуданд, ки таъмиқи ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Арманистон дар соҳаи сиёсати хориҷӣ бар заминаи ёрии байниҳамдигарӣ оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду кишвар асос ёфта, пурра аз манфиатдорӣ ҷиҳати таҳкими дӯстии халқҳои ҳар ду кишвар бармеояд ва ҷузъи аслии ҳамкориҳои байнидавлатии миёни Тоҷикистону Арманистон маҳсуб меёбад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон ҳамкории созандаи худро дар доираи СММ, САҲА, СААД, ИДМ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ бо мақсади таҳкими сулҳу субот ва амният дар миқёси минтақа ва ҳам ҷаҳон афзун хоҳанд кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон тарафдории худро ба ҳадаф ва принсипҳои Оинномаи СММ тасдиқ менамоянд. Ҷонибҳо нақши марказии Созмони Милали Муттаҳидро дар дастгирии сулҳ ва амнияти байналмилалӣ бо назардошти торафт афзудани аҳамияти сохторҳои минтақавӣ дар пешгирӣ ва ҳаллу фасли мусолиҳатомези низоъҳо эътироф менамоянд.
Ҷумҳурии Арманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соҳаи сиёсати хориҷӣ бо мақсади амалисозии ҳамкориҳои муштарак ва мувофиқашуда, ки ба таҳкими амният, субот ва рушди ҳамкорӣ дар минтақаҳои Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ равон шудаанд, ҳамоҳанг хоҳанд кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон тарафдори танҳо бо роҳи мусолиҳа ҳал кардани низои Кӯҳистони Қарабоғ дар асоси меъёр ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, муқаррароти Оинномаи СММ мебошанд. Президентҳо мавқеи худро оид ба ин масъала, ки дар Изҳороти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба низои Кӯҳистони Қарабоғ ифода ёфта, 14 октябри соли 2016 дар шаҳри Ереван ба имзо расидааст, тасдиқ мекунанд. Тарафҳо кӯшишҳои созандаи Гурӯҳи Мински САҲА - ро дар ин самт ҳамчун формати муҳими дорои ваколатҳои миёнаравии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қабулшуда мепазиранд.
Ҷумҳурии Арманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро дар таъмини бехатарии давлатҳои аъзо тасдиқ карда, минбаъд низ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои муштарак дар доираи Созмон фаъолона ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Ҷонибҳо бо мақсади мутобиқшавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба воқеияти муосир саъю кӯшиш хоҳанд намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон омодагии худро ҷиҳати минбаъд низ тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобила дар самти муқовимат ба хатар ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ – терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва шаклҳои дигари ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон иштирокдорони онҳо мебошанд, тасдиқ менамоянд.
Ҷонибҳо зарурати густариши минбаъда ва баланд бардоштани самараи фаъолияти гурӯҳи байнипорлумонии Тоҷикистону Арманистон, ҳамчунин, фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистонро таъкид намуда, тарафдори баланд бардоштани сатҳи ҳамраисии комиссияи зикршуда мебошанд.
Ҷонибҳо ба таъмиқи ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ аҳамияти махсус дода, омодаанд ба амалисозии имкониятҳои дар ин соҳа мавҷуда мусоидат намоянд. Бо ин мақсад онҳо ба афзудани ҳаҷми гардиши савдо, рушди кооператсия дар соҳаи нақлиёт ва алоқа, кишоварзӣ, соҳаҳои металлургияи кӯҳӣ, саноати сабук ва коркард, инчунин, инноватсия ва дигар соҳаҳо ҳатталимкон ёрӣ расонанд.
Ҷонибҳо ба такмили механизми ҳамкорӣ ва ҳавасмандгардонии робитаҳои мустақими миёни субъектҳои хоҷагидории ҳар ду кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон ҷонибдори ба роҳ мондани омадурафти мунтазам ва мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Ереван ва Душанбе буда, инчунин, омодагии худро ҷиҳати якҷоя таҳия кардани лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт изҳор менамоянд.
Ҷонибҳо ба тавсеаи робитаҳои мустақим миёни созмонҳо ва ходимони фарҳангу санъат, марказҳои тадқиқотӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, таълимӣ, васоити ахбори омма ва дигар созмонҳои фарҳангию гуманитарӣ ҳамаҷониба мусоидат хоҳанд кард.
Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон муътақиданд, ки муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар дар марҳилаи ҳозира барои рушди босуръат ва таъмиқи ҳамкориҳо дар ҳамаи соҳаҳои вобаста ба манфиатҳои бунёдии ҳар ду халқ дорои дурнамои васеъ мебошанд.
Сарони ҳар ду давлат аз музокироте, ки дар фазои ҳусни тафоҳуми мутақобила доир шуд ва дар натиҷаи онҳо ҳуҷҷатҳои зерин ба имзо расиданд, изҳори қаноатмандӣ намуданд:
•  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар бораи омадурафти мутақобилаи шаҳрвандон;
•  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар бораи алоқаи ҳавоӣ;
• Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон барои солҳои 2018 - 2019;
• Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи телекоммуникатсияҳо ва алоқаи почта;
• Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар бораи эътирофи мутақобилаи баробарии ҳуҷҷатҳои таҳсилотӣ, дараҷа ва унвонҳои илмӣ;
• Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;
• Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш;
• Созишнома байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Арманистон дар бораи ҳамкорӣ;
• Созишнома байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Арманистон дар бораи ҳамкории илмӣ.
Сарони давлатҳо таъкид намуданд, ки мулоқоти сатҳи олӣ барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон саҳми назаррас гузошта, уфуқҳои нави ҳамкориро боз намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пазироӣ ва меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори ташаккур карда, Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсянро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.
Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.  Муҳлати сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳад гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2017    №: 126-127    Мутолиа карданд: 501

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед