logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР АРМАНИСТОН

14 июни соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии “Звартнотс” намояндагони воломақоми ҳукумати кишвари мизбон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори ташрифи меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳни ҳавлии фурудгоҳ бо парчамҳои ҳар ду давлат, шиору  овезаҳои  тараннумкунандаи  дӯстии  мардумони  Тоҷикистону  Арманистон ба таври идона ороста шуда, горди фахрии президентӣ саф кашида буд.
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Арманистон
Нимаи дуюми рӯзи 14 июни соли 2017 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон бо маросими истиқболи расмӣ дар назди “Қасри Президент” оғоз ёфт.
Барои истиқболи меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони зебо бо парчамҳои давлатии ду кишвар, сафҳои горди фахрии Арманистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ ороста буд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро  Президенти  Ҷумҳурии  Арманистон Серж Саргсян истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.
Минбаъд маросими бошукӯҳи истиқбол бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарони ҳар ду давлат аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба парчами давлатии кишвари мизбон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфта, бо расми гузашти низомии ҷузъҳои горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат ба поён расид.
Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории ба ҳар ду ҷониб судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Серж Саргсян оғоз ёфта, сипас дар музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Арманистон идома ёфт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии гарму самимии ҳукумат ва мардуми дӯсти арман изҳори сипосу миннатдорӣ карда, аз муносибатҳои деринаи ду кишвар, саҳми мардумон дар рушду пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҷаҳду талошҳои халқи арман барои шукуфоии диёрашон ёдовар шуданд.
Аз сатҳи кунунии муносибатҳои ду ҷониб, ки имсол аз барқароршавии равобити дипломатии мамлакатҳо 25 сол пур мешавад, изҳори қаноатмандӣ карда, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон аз ҳамкории зичу судовар манфиатдор аст ва мо кӯшиш менамоем, ки бо муколамаҳои сатҳи олӣ барои амалӣ кардани нақшаву ниятҳои некамон такони ҷиддӣ бахшем. 
Қабули Шартнома дар бораи дӯстию ҳамкорӣ ва таъсиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ омили муҳим барои ноил гардидан ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва маърифатию фарҳангӣ номида шуд.
Таъкид гардид, ки робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Арманистон дар доираи СММ, ИДМ, СААД ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ барои ҳалли масоили байналмилалӣ, аз ҷумла дар самти муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир, имкони мусоид фароҳам меорад.
Дар ҷараёни мулоқот пешниҳод гардид, ки барои афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва роҳ ёфтан ба бозорҳои истеъмолии якдигар алоқаи бевосита байни субъектҳои амалкунандаи ҳар ду ҷониб ба роҳ монда шавад.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ, кишоварзӣ, фармасевтӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ, инчунин, алоқаю туризм аз самтҳои ояндадори рушди ҳамкории дуҷониба номида шуд.
Ҳамчунин, зарур шумурда шуд, ки аз имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ баҳри таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, коргоҳҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, пахта, сангҳову металлҳои қиматбаҳо, истеҳсоли молҳои алюминӣ ва дигар ашёи рӯзғор ба манфиати ҳар ду кишвар бояд истифода гардад.
Ҷонибҳо ба масъалаҳои амниятӣ дахл карда, вобаста ба ҳалли мушкилоту низоъҳо дар минтақаҳои даргир ва дигар кишварҳои ҷангзада роҳҳои муҳиму судманди ҳалли онҳоро пешниҳод намуданд.
Изҳори бовар карда шуд, ки дар маҷмӯъ натиҷаҳои музокироти сатҳи олии имрӯза ба рушди муносиботи ду кишвари дӯст мусоидати фаъол мекунад.
Дар интиҳои мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Аз рӯйи ҷамъбасти вохӯрии дуҷониба ва натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Арманистон Изҳороти муштараки сарони давлатҳо қабул гардида, 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Мавриди зикр аст, ки то имрӯз заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро зиёда аз 30 ҳуҷҷат ташкил медод, ки масъалаҳои гуногуни ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, кишоварзӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва илму маориф дарбар мегирифт.
Сарони ҳар ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Серж Саргсян аз рӯйи ҷамъбасти мулоқоти дуҷониба барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои музокироти сатҳи олиро баҳри рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ неку бобарор арзёбӣ намуданд.

Мулоқот бо Ара Баблоян ва Карен Карапетян
14 июни соли 2017 дар доираи сафари расмӣ дар Арманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ереван бо раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян вохӯрданд.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба, бахусус рушди робитаҳои байнипорлумонӣ баррасӣ гардиданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Ара Баблоянро вобаста ба натиҷаҳои бобарори интихоботи порлумонӣ ва интихоб шуданаш ба вазифаи раиси Маҷлиси миллии ин кишвар табрику таҳният гуфта, ба онҳо комёбиҳои беназир орзу карданд.
Аз сатҳи муносибатҳои ҳамкории дуҷониба, ки имсол аз оғози он 25 сол пур мешавад, изҳори қаноатмандӣ карда, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки порлумонҳои ҳар ду кишвар ҳамчун сохторҳои қонунбарор минбаъд низ барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дуҷониба саҳми арзанда мегузоранд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз таърих, таҷриба, рушд ва саҳми парламентаризми тоҷик ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки таҳкими қонунгузорӣ дар кишвари мо боиси ваҳдати комили сартосарӣ гардид. Изҳори итминон карда шуд, ки Маҷлиси миллии Арманистон чун Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти шукуфоию пешрафти ҷумҳурии дӯсту бародари Арманистон хизмати арзанда менамояд.

15 июни соли 2017 дар шаҳри Ереван дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Карен Карапетян мулоқот карданд.
Дар ҷараёни он масъалаҳои рушду густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои барои  ҳар ду ҷониб ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноату сохтмон, кишоварзӣ, тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг ва ҳифзи табиат, ки дар заминаҳои меъёрии ҳуқуқии беш аз 30 санади ҳамкорӣ асос ёфтааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хостори рушди боз ҳам судманду созандаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Ҷумҳурии Арманистон шуда, гуфтанд, ки мо ба ояндаи неки ин робитаҳо ва татбиқи амалии санадҳои қаблан баимзорасида умеди зиёд дорем.
Таъкид гардид, ки барои расидан ба ҳадафҳои нек Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодию тиҷоратӣ метавонад заминаи боэътимод гузорад.
Дар ҷараёни мулоқот соҳаҳои саноати нассоҷӣ, воридоти технологияи муосири саноатӣ, коркарди металлҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли ҷавоҳирот, ҳамкорӣ дар бахши туризм ва дар соҳаи технологияи телекоммуникатсионӣ аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои гуманитарӣ, фарҳанг, илму маориф, ба роҳ мондани робитаҳои судманд бо аҳли зиё изҳори ҳавасмандӣ карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2017    №: 126-127    Мутолиа карданд: 512
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед