иҷтимоиёт
ДУШАНБЕ. САМАРИ ЯК ИҚДОМ
Ташкили ярмаркаҳои доимии фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар назди бозорҳои пойтахт ва ҷойҳои алоҳида, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо «Тоҷикматлубот», Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ шудааст, инчунин, чораҳои дигари назоратию маъмурӣ ва фаҳмондадиҳӣ, ба поёнравии арзиши маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон мусоидат намуданд.
Пас аз сипарӣ шудани ду даҳа нархҳо назар ба рӯзҳои аввали моҳи Рамазон ҳам дар бозор ва ҳам дар ярмаркаҳо аз 20 то 40 дарсад арзон шудаанд. Ҳоло низ нархи картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшти гову гӯсфанд, орду равған ва помидору бодиринг дар ярмарка - фурӯшгоҳҳои назди бозорҳо нисбат ба маҳсулоти соҳибкорон 10 - 15 дарсад арзон аст.
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳр, ҳанӯз дар арафаи моҳи рамазон «Дар бораи тадбирҳои ғанигардонии бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон» қарор ба тасвиб расонд. Ҷиҳати дастгирии фурӯшандагони маҳсулоти ниёзи аввал шароит фароҳам оварда, онҳоро аз пардохти маблағҳои яквақта озод намуданд. Дар радифи ин қарор масъулони раёсати иқтисоду савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ низ вазифадор шуданд, то дар бозорҳои коммуналӣ ташкили ярмаркаҳои маҳсулоти гӯштии аз ҳисоби соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ воридгардидаро дар нуқтаҳои алоҳида бо нархи дастрас таъмин созанд. Раисони ноҳияҳо ва идораҳои марбута дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» рӯзҳои шанбею якшанбе ярмаркаҳои доимии фурӯши маҳсулотро ташкил менамоянд.
- Ҷиҳати иҷрои банди 3 - и қарори мазкур дар асоси ҳамкориҳо бо хоҷагиҳои деҳқонӣ аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ба бозорҳои пойтахт маҳсулоти тару тоза ворид мешавад. Ҳар рӯз барои таъмини маҳсулоти ниёзи аввалия беш аз 21 тонна картошкаи нав, 23 тонна пиёз, 10 тонна сабзӣ ва маҳсулоти дигар ворид ва ба бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Деҳқон» ва «Қаряи Боло» тақсим карда мешавад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешида сатҳи нархҳо муътадил гаштанд, - гуфт Мадина Ниёзмамадова, муовини сардори раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳр.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.06.2017 №: 129 Мутолиа карданд: 513