logo

сиёсат

ВАҲДАТ - МИЗБОНИ ВАҲДАТ

Дар саргаҳи таърихи ҳар халқу миллат фарзандони фарзонае меистанд, ки бо фидокорию худсӯзиҳои хеш роҳи пешрафт ва шукуфоии миллатро меафрӯзанд. Онҳо  аз сӯхтану гудохтан боке надоранд, омода ҳастанд, ки ҳастии худро фидои  халқу давлаташон кунанд. Ба таъбири бузургворе “Агар онҳо омодаи сафар шаванд, моҳу хуршед роҳашонро мунаввар месозанд. Адолатро яксон мефаҳманду дар иқдому андешаи худ озоду соҳибихтиёранд”.

Барҳақ, Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз арбобоне  мебошанд, ки маҳз аз чунин сифатҳо сиришта шудаанд. Пешвои миллатамон  тавонистанд   бо ақлу хиради азалӣ, фазлу дониш, рафтору кирдор ва корнамоиҳои хеш хидматеро барои халқу Ватан анҷом диҳанд, ки назир надорад.
Ба таъкиди ҳамин сифатҳои ҳамидаи инсониву хиради роҳбарии Президенти кишварамон яке аз ходимони ҷаҳони сиёсат, президенти Сенегал Абдулло Водӣ гуфтааст: «Тоҷикон халқи хушбахтанд, зеро Парвардигор ба онҳо чунин марди оқил ва дурандешеро ба ҳайси сарвар ва пуштибон додааст. Таҷрибаи сулҳофаринии ӯ дар таърихи инсоният нодир аст».
Оре, ҳар кӣ аз сарнавишти фоҷиабори миллати мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон огаҳ аст, ба ҳаққонӣ будани ин баҳо заррае шубҳа намекунад. Зеро дар он солҳо ба таъбири устоди зиндаёд, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Мирзо Файзалӣ:
Чи хурду чи бузург, анҷоми кори худ намедонист,
Ба кӣ ифшо кунад аҳволи зори худ, намедонист,
Ба гирдоби бало ғарқа, канори худ намедонист,
Куҷо монду куҷо афканд бори худ, намедонист,
Касеро дастгиру ғамгусори худ намедонист…

Перомуни хизматҳои барҷастаи Пешвои миллат дар эъмори давлати навини тоҷикон дар ибтидои солҳои 90 – уми қарни гузашта бисёр гуфтаанду навиштаанд. Танҳо зикри ҳамин нукта  кофист, ки бо мухолифини худ сари мизи гуфтушунид нишастану имзо кардани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ба Ватан баргардондани гурезаҳо корест, ки назираш кам дида мешавад. Аммо мо дар ин матлаб сари дигар масъала - ҷасорату мардонагӣ ва меҳанпарастии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори андеша карданием, ки он  ба ҳодисаҳои   хунини аввали моҳи сентябри соли 2015  марбут мебошад.
Ин фоҷиа на танҳо мардуми шаҳри Ваҳдат, балки тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз онро низ  ба ташвишу изтироб  овард. Ва дар ҳамон лаҳзаҳои вазнин сафари кории Сарвари давлат  ба шаҳри Ваҳдат дар назар буд. Бадхоҳони  миллат андеша доштанд, ки дар чунин вазъияти ҳассосу хавфнок Президенти мамлакат  аз ин сафар худдорӣ менамоянд. Вале ин марди шариф  бори дигар бо ҷасорату мардонагӣ собит намуданд, ки пешвои ҳақиқии ин халқу миллатанд. Он кас бидуни ягон шарту шароит субҳи шашуми сентябри соли 2015 вориди шаҳри Ваҳдат гардиданд. Зимни сафари кории хеш чандин иншоот ва муассисаи таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бо мардум мулоқот ороста, бо суханҳои самимию рӯҳбахш онҳоро ба зиндагию ояндаи наку дилгармтар сохтанд. Ҳол он ки ҳамон вақт бадхоҳони миллат  дар дараи Ромит, паси кӯҳҳои баланд панаҳ бурда, бо ҳар роҳу восита мардумро ба тарсу ваҳм андохтан мехостанд. Аммо аз ин аъмоли разилонаи генерал Абдуҳалим Назарзода, ки ба давлату миллати хеш хиёнат карда, роҳи балвои мусаллаҳонаро пеш гирифта буд, Президенти мамлакат боке надоштанд. Зеро эътимодашон қавӣ буд, ки дигар мардуми кишвар фирефтаи дасисаҳои душманони миллат намешаванд ва дар саркӯб кардани онҳо ҳамдасти неруҳои низомӣ мешаванд.
Роҷеъ ба ҳамин масъала  Пешвои миллат дар ҷамъомаде, ки дар маркази Ҷамоати деҳоти Гулистон зимни ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №132  доир гардид, сухан карда,  махсус таъкид доштанд: «Ҳамватанони азиз,  шумо осуда бошед, мо кӯшиш мекунем, ки ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки  хеш нарасанд…». Дар ҳақиқат, дар давоми чанд рӯз  ин хиёнаткорони Ватан несту нобуд карда шуданд.
Аз ҷасорату мардонагии Сарвари давлат садҳо мисол овардан мумкин аст. Аммо, мо ба ҳамин мисол иктифо намуда, мегӯем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои муаззаму мукаррами халқи тоҷиканд.
Инак, ҳамагон дар пешорӯи 20 - умин солгарди Рӯзи  Ваҳдати миллӣ қарор дорем. Моро шарафи бузурге насиб гашта, ки  тантанаҳои ҷумҳуриявии   ин ҷашни муборак бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат баргузор мегардад. Ба ин хотир, дар ин гӯшаи  ободи диёр барои пазироии арзандаи иштирокдорони тантанаи ҷашнӣ тадбирҳои зарурӣ рӯи кор гирифта шуданд.
Имрӯз диёри Ваҳдат ваҳдатсарост, аз баракати сулҳу ваҳдат ва аз ин ҷашни бузурги миллӣ чеҳраҳои ҳамагон шукуфтаву дилҳо саршори фараҳанд. Садои  хандаи тифлакон ва шукронаи пиру ҷавон дар фазои сулҳободи шаҳри соҳили рӯдхонаи Кофарниҳон танинандоз аст, ки аз ояндаи неку дурахшон мужда медиҳад.
Хоҷазода Фарзона ҲАМДАМ,  муовини раиси шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2017    №: 130    Мутолиа карданд: 562

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед