logo

сиёсат

САМАРИ ЯК СОЗИШ

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ санади басо муҳиму тақдирсоз, рамзи аслии якдиливу сарҷамъии миллат, нишонаи хирадмандӣ, инсондӯстӣ, шаҳодати тантанаи ақлу хиради солим ва сулҳу суботи пойдор дар саросари мамлакат гардид.
Имзои ин санади тақдирсоз ва ба дунболи он таҳкими ваҳдати миллӣ дар баробари дигар бахшҳои ҳаётан муҳими ҷомеа як шохаи асосии ҳокимияти давлатӣ - ҳокимияти судӣ низ ба марҳалаи ҷадиди таҳаввулот ворид гардид. Чунончи, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июни соли 2007 аввалин маротиба “Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид. Ин барнома барои кормандони мақомоти судӣ як манбаи бойи амалисозии тадбирҳои мушаххас оид ба рушди қонунгузорӣ маҳсуб меёбад. Дар ин замина, қонунгузорӣ боз ҳам мукаммалтар гардида, ҳамаи кодексу қонунҳо ба  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистони мутобиқ гардонда шуданд.
Баъдан, дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, аз 15 апрели соли 2009 ва 24 апрели соли 2010, ниёзи таҳия ва тасдиқ кардани барномаи дувуми болозикр ба миён омад. Мақсад аз тасвиби ҳар ду барнома таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди  қонунгузорӣ  ва  мукаммал  гардондани қонунҳо мебошад. Ва дар раванди иҷрои дақиқи ин барномаҳо кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавии ҷиноятӣ ва мурофиавии гражданӣ дар таҳияи нав пешниҳод гардиданд.
Мувофиқи  Кодекси  мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ваколатҳои  ба  ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, кофтукови  манзил, ҳабси  молу  мулк, муваққатан  аз  вазифа  дур  кардан  ва  ғайраҳо  ба  салоҳияти  судҳо  вогузор  шуд, ки ин барои баланд бардоштаи нуфузи ҳокимияти судӣ заминаҳои воқеӣ гузошт.
Ҳамин тавр, қабули  қонунҳои  нав, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”  салоҳияти  судҳоро то қадри имкон васеъ  намуда, масъулияти онҳоро боз ҳам баланд бардошта, барои ташкил шудани коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва маъмурӣ дар Суди Олӣ, суди шаҳри Душанбе, суди  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон   ва судҳои вилоятӣ замина гузошт. Зимнан, пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки ин ба ислоҳот ва рушди низоми судӣ дар мамлакат таъсири амиқ гузошт.
Куллан тағйир додани нақши ҳокимияти судӣ дар давраи баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки муҳлати амали ваколати судяҳои таъйиншуда аз панҷ сол ба даҳ сол зиёд шуд. Дар доираи татбиқи барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ сохтори судҳо такмил ёфта, вазъи иҷтимоии кормандон низ беҳтар гардид. Ин ва дигар дастовардҳои мақомоти судӣ самараи ваҳдати миллӣ буда, мо кормадони соҳаро водор месозад, ки барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини адолати судӣ дар ҳама самт беш аз пеш талош варзем.
Рустам МИРЗОЗОДА,
раиси суди вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2017    №: 132    Мутолиа карданд: 552

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед