logo

сиёсат

СҲШ. СОКИНОНИ КИШВАРҲОИ ҲАВЗАИ ОН НИСФИ АҲОЛИИ ҶАҲОНРО ТАШКИЛ МЕДИҲАНД

Ба узвияти Созмони Ҳамкории Шанхай пазируфтани Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон нуфузи байналмилалии ин созмони дар гузашта минтақавиро таҳким бахшид. Мақоми узви комилҳуқуқи СҲШ ба ин ду кишвари сераҳолии ҷаҳон чанде қабл дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои созмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дода шуд. Созмони Ҳамкории Шанхай ҳоло мақоми фароминтақавӣ касб карда, ҳамакнун чоряки ҳудуди олам - аз Арктика то уқёнуси Ҳинд ва аз Лянюнгани Чин то Калинингради Русияро таҳти нуфузи худ қарор додааст. Гузашта аз ин, созмон бо шумули аъзои наваш тақрибан нисфи аҳолии сайёраи Замин ва сеяки истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонро дар ихтиёр хоҳад дошт.
Оид ба шинохти зарфиятҳои воқеии созмон, дурнамои фаъолияти он, инчунин, натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзо дар шаҳри Остона, хабарнигори «Ҷумҳурият» бо Маҳмадшариф Ҳақдод, муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ, ҳамсуҳбат шуд.
(Идома аз саҳ. 1)
- Заминаи васеъшавии созмон моҳи сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе, баъди ба имзо расидани қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар бораи уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон, тартиби додани мақоми давлати узви Созмони Ҳамкории Шанхай, гузошта шуд,- иброз дошт Маҳмадшариф Ҳақдод. Мавсуф таъкид кард, ки мақсади таъсиси созмони мазкур низ, бори аввал соли 2000-ум дар пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе дар заминаи Панҷгонаи Шанхай  тарҳрезӣ гардида буд.
Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ зикр намуд, ки дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамтоёни худро ба ҳамкорӣ ҷиҳати пешгирии имконияти зуҳури омилҳои террористӣ ва ифротӣ дар байни аҳолии кишварҳои аъзои СҲШ, бартараф намудани пайомадҳои номатлуби вазъ дар Афғонистон даъват намуданд. Зикр карданд, ки «Таҳдидҳо ва хатарҳо ба амният гӯшаҳои гуногуни сайёраро фаро гирифта, ҷуғрофияи худро васеъ мекунанд ва бештар хусусияти муташаккилона мегиранд. Имрӯз мушкилоти муҳими байналмилалӣ дар соҳаи амният вазъ дар Афғонистон ва Шарқи Наздик мебошад. Расондани ёрии ҳамаҷонибаро ба талошҳои Ҳукумати Афғонистон дар роҳи истиқрори сулҳ ва субот дар кишвар, инчунин, ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии он ва ҷустуҷӯи роҳҳои оштии миллӣ муҳим меҳисобем».
Вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, ба вуҷуд омадани буҳронҳои нави сиёсию иқтисодӣ, доман паҳн кардани таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму ифротгароӣ аъзои созмонро водор месозанд, ки масъалаи таъмини амнияти муштарак ва нақшофарӣ дар таъмини амнияти ҷаҳониро аз мадди назар дур наандозад. Кишварҳои аъзои СҲШ дар шароити имрӯза беш аз ҳар вақти дигар ба ваҳдати назар ва ҳамёриву ҳамгироӣ дар арсаҳои  гуногун ниёз доранд ва Тоҷикистон ҳамчун пештози даъват ба сӯи ҳамгироӣ дар ин раванд нақши муҳим мебозад. Ин нукта дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Остона бори дигар таъкид гардид.
Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки барои пешгирии паҳншавии терроризм ва экстремизм дар Афғонистон ва тавассути қаламрави он дар мамолики ҳавзаи Созмони Ҳамкории Шанхай, бояд ин кишвар ба лоиҳаҳои ҳамгироии иқтисодии созмон ҷалб шавад. Зеро мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз ҷумлаи омилҳои асосии зуҳури гурӯҳҳои террористию ифротӣ ва тақсимбандии мазҳабию ақидавии аҳолӣ мебошанд. Ин омилҳо сабаби ноором гардидани минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон низ номида мешаванд. Хатари дигаре, ки ба амнияти кишварҳо таҳдид мекунад, ин қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон мебошад. Тоҷикистон пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро қисми ҷудоинопазири муборизаи муштараки кишварҳои аъзои СҲШ медонад.
Ҷиҳати пешгирии паҳн шудани тафаккури ифротӣ дар байни аҳолии кишварҳои аъзо ва ворид кардани ин ақидаҳо аз ҷониби мамлакатҳои сеюм, дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ Конвенсияи Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба муқовимат бо экстремизм (ифротгароӣ) ба имзо расид, ки он имконияти бештари ҳамкории кишварҳоро дар ин самт ба вуҷуд меорад. Самти дигари афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи СҲШ ин таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории дорои хусусияти инфрасохторӣ мебошад, ки он аз омилҳои калидии суръатбахшии рушди иқтисодиёт, аз ҷумла мусоидат ба шуғл ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ дар ҳудуди СҲШ,  ба шумор меравад. Бо ҳамин мақсад ҳуҷҷати муҳиме, ки ҳамкориро дар доираи созмон густурдатар мегардонад, «Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ» мебошад, ки соли 2014 дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои созмон дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расида буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Остона ба иқтидори кишварҳои аъзои СҲШ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия баҳои баланд дода, зикр намуданд: «Ҳамкорӣ дар соҳаи мазкур барои кишварҳое, ки роҳи баромад ба баҳр надоранд, махсусан муҳим мебошад. Татбиқи Созишнома оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ, ки дар Душанбе ба имзо расида буд, бағоят муҳим мебошад». Дар асоси ин санад ширкатҳои боркашонии кишварҳои аъзо имконияти бемамониат ва дар асоси баробарҳуқуқӣ пеш бурдани фаъолияти худ ва кашондани борро дар ҳудуди кишварҳои аъзои СҲШ ба даст оварданд. Созишномаи мазкур барои ҳамроҳшавии кишварҳое, ки аъзои созмон нестанд, кушода мебошад.
Дар ҳамоиш ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои созмон низ баланд арзёбӣ гардид. Айни замон Созишнома дар бораи таъсис додан ва фаъолият намудани Донишгоҳи СҲШ дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад, ки имкони мубодилаи таҷриба ва донишандӯзии фарохтар барои шаҳрвандонро ба миён меорад. Инчунин, ҳамасола дар рафти ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳо Анҷумани фарҳангии кишварҳои аъзои созмон доир мегардад, ки ин як навъ шиносоӣ пайдо кардан бо фарҳанги давлатҳои аъзо арзёбӣ мешавад.
Созмони Ҳамкории Шанхай тайи солҳои фаъолияти пурсамар худро ҳамчун майдони боэътимоди мубодилаи афкор, коркарди мавқеъҳои муштарак ва ҳамоҳанг сохтани нуқтаи назари гуногун нишон дода, вобаста ба талаботи замони муосир мақсаду вазифаҳои доштаашро такмил медиҳад. Ба ҳам омадани сераҳолитарин кишварҳо, иттиҳоди чанд минтақаи муҳими стратегӣ дар созмон ва низ якҷошавии намояндагони се тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ: ислом, масеҳият ва буддоӣ Созмони Ҳамкории Шанхайро ба як ташкилоти пурнуфуз ва таъсиргузор, на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон табдил хоҳад дод. Инак, аъзои аслӣ ва нозири созмон дар якҷоягӣ соҳибони бузургтарин иқтидори иқтисодӣ, низомӣ, атомӣ ва фазоӣ буда, ҳамзамон бештарин истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаи энергия дар ҷаҳон дониста мешаванд. Мардумоне, ки дар қаламрави СҲШ ба сар мебаранд, аз қадимтарин қавмҳои башарӣ буда, нақши муҳиме дар таърих ва тамаддуни ҷаҳонӣ гузоштаанд. Бинобар ин, Созмони Ҳамкории Шанхай на танҳо аз назари сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ, балки аз нигоҳи таърихӣ ва фарҳангӣ ҳам дорои заминаи қавиест, ки сабаб мешавад, то онро як созмони қудратманд ва дорои чашмандози равшан дар оянда бидонем.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2017    №: 132    Мутолиа карданд: 589

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед