logo

сиёсат

ПРЕЗИДЕНТ, МИЛЛАТ ВА ХИРАДИ АЗАЛӢ

Ваҳдат ҳамчун ифодагари ягонагӣ, сарҷамъӣ ва муттаҳидии ҷомеа, кафили сулҳу субот, қонунияту тартибот ва пешрафти ҷомеа мебошад. Ваҳдат арзишест, ки ба ҳамаи ҷомеаҳо марбут аст, ҳамеша онҳоро ҳамроҳӣ мекунад ва ба ризоияти аҳли ҷомеа пайвасти ногусастанӣ дорад.
Дар таърихи ҷомеаҳо ва давлатҳо ҳолатҳое низ ба амал меоянд, ки бо ин ё он сабаб ваҳдат халалдор гардида,  дар ниҳоят ба нофаҳмӣ, кашмакашӣ ва ҷангу ҷидол оварда мерасонад. Баъд аз ин, муддати тӯлонӣ ва заҳмату талошҳои зиёде сарф мешаванд, то ваҳдат дар ҷомеа барқарор гардад.
Дар даврони соҳибистиқлолии мо низ чунин фоҷиа рух дод. Душманони дохилӣ ва беруниамон  дар ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта мардумро ба кашмакашиҳои бемаънӣ ва баъдан ба ҷанги бародаркуш таҳрик доданд, ки даҳҳо ҳазор нафар қурбон гардида, иқтисоди мамлакат низ хисороти сангин дид.
Ҳамон тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Ҳамватанони мо хуб дар ёд доранд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон гурӯҳҳои алоҳидаи кишвар таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву неруҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, Ватани азизамон ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан мухолифати мусаллаҳона кашида шуд, ки дар натиҷа ҳатто хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба вуҷуд омад».
Дар асоси хиради азалии халқамон, заҳмату талошҳои ҷонфидоёнаи Пешвои муаззами миллат дар Тоҷикистон сулҳу субот барқарор гардид ва хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлол ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёди тоҷикон бартараф шуд.
Воқеан ҳам, талошҳои хастанопазир ва иқдомҳои ҷавонмардонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки сулҳу оштӣ ба даст омад ва имрӯз халқи Тоҷикистон дар фазои орому осуда ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ ба корҳои ободонию созандагӣ машғул аст, дар ҳоле ки ҷаҳони муосир гирифтори печидагиҳои зиёди сиёсиву иҷтимоист. Барои он ки ин ваҳдати саросарӣ ҳаргиз халалдор нагардад, бояд ҳисси ватандорию ватандӯстӣ, муқаддас донистани марзу буми кишвар, масъулиятшиносӣ барои пешрафт ва ободу зебо гаштани Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои миллӣ, афзун намудани онҳо, баланд бардоштани маърифатнокӣ ва зиракии сиёсии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби моҳият, зарурат ва аҳамияти ваҳдати миллӣ дар меҳвари фаъолияти ҳар як фарди солимфикри ҷомеа қарор дошта бошад.
Зариф АЛИЗОДА,
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2017    №: 132    Мутолиа карданд: 548

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед