logo

сиёсат

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ МАКТАБ - ИНТЕРНАТИ ЁРИРАСОНИ № 3

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди Фитр ба муассисаи махсуси таҳсилоти асосӣ “Мактаб - интернати ёрирасони рақами 3” - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баробари шиносоӣ бо шароити моддию маънавии бошандагони ин даргоҳи илму маърифат, ҳамчунин ба 100 нафар кӯдакони маъюби мактаб - интернат ва 101 нафар тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони синни томактабии рақами 1 - и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки барои мулоқот бо Президенти мамлакат ба ин ҷо омада буданд, сарулибос ва дигар кумакҳои моддӣ тақдим карданд.
Мактаб-интернати ёрирасони рақами 3 соли 1968 таъсис ёфта, дар он барои тарбияи 100 нафар кӯдакони маъюб ва дорои нуқсонҳои модарзодӣ барои таълиму ҳунаромӯзӣ шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд.
Муассисаи мазкур дорои толори варзишӣ, синфхонаи таълими меҳнат, синфи компютерӣ, ҳуҷраи дефектологӣ, логопедия, бунгоҳи тиббӣ ва ошхона бо 65 ҷойи нишаст мебошад. Шумораи омӯзгорон 26 нафарро ташкил медиҳад. Ҷараёни таълим шабонарӯзӣ буда, ҳамаи хонандагон бо ҷойи хоб ва чор вақт бо хӯроки гарм таъминанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола тарбиятгирандагони муассисаи таълимии мазкур бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар олимпиадаҳои махсуси варзишӣ иштирок намуда, шарафи кишварро ҳимоя мекунанд. Аз ҷумла, 6 нафар хонандаи мактаб-интернати мазкур дар мусобиқаҳои махсус дар Юнону Австрия аз рӯйи намудҳои варзиши сабук дар бахшҳои давидан ва ба дарозӣ ҷаҳидан иштирок карда, 6 медали тилло ва 7 медали нуқра ба даст оварданд.
Дар Хонаи кӯдакони синни томактабии рақами 1 - и ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ки ҳамаашон дар мулоқоти имрӯза бо Сарвари давлат иштирок карданд, 101 нафар, аз ҷумла 78 нафар ятим ва 5 нафарашон ятими кулл мебошанд. Дар ин муассиса низ 20 нафар кӯдаки ятим ба тарбияву ғамхорӣ фаро гирифта шудааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ  Раҳмон баъди тақдими туҳфаҳо ба кӯдакон дар арафаи Иди саиди Фитр дар саҳни ҳавлии мактаб - интернати ёрирасони рақами 3 бо тарбиятгирандагон ва омӯзгорон суҳбати самимӣ доир карда, оид ба дастгириҳои ҳамешагӣ ва рӯзафзуни роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карданд.
Шодию нишоти тарбиятгирандагонро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Роҳбари ғамхори хеш сарулибос, пойафзол ва шириниҳои гуногун гирифтанд. Хонандагони мактаб - интернат ба Пешвои миллат дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша бо хислати наҷибу нодири раъиятпарварии хеш дар фикри беҳбудии шароити зиндагии мардуми эҳтиёҷманд, ятимон, барҷомондагон ва шахсони бесаробону камбизоат мебошанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба ин табақаи ниёзмандро аз аҳли ҷомеа борҳо талаб менамоянд. Имрӯз аз ҷониби Пешвои миллат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар заминаи мактаб - интернати ёрирасони рақами 3 барои боз ҳам беҳтар кардани шароити таълиму зисти тарбиятгирандагон лоиҳаи бунёди бинои иловагии наву замонавии 4 - ошёна бо 300 ҷой таҳия намояд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2017    №: 133    Мутолиа карданд: 574

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед