logo

иҷтимоиёт

НИШОНИ САДОҚАТ Ё СИПОСНОМАИ МАРДУМИ БАДАХШОН БА САРВАРИ ДАВЛАТ

Сокинони заҳматкашу сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз фазои сулҳу осоиштаи Тоҷикистони азиз шукргузорӣ намуда, бо нишони садоқат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои роҳбарияти давлату Ҳукуматро дар самти корҳои ободонию созандагӣ самимона дастгирӣ менамоянд.

Ризо Раҳматшоев, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ мегӯяд, ки ҷавонони Бадахшон хизматҳои шоистаи Сарвари давлатро, ки тамоми донишу неруи худро баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистон сарф намуда истодаанд, бо чашми сар дида, шукрона мекунанд, ки чунин Пешвои қавиирода ва ғамхору меҳрубон доранд. Мисраъҳои зер нишони  арзи садоқати қалби  пурмеҳри онҳо нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд:

Қуллаҳои саркашамро зери поят
мекунем,
Гар замин сахтӣ кунад, дар дида
ҷоят мекунем.
- Сарвари давлат солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳавои барфу боронӣ, ки парвози тайёра ва чархбол ба Бадахшон ғайриимкон буд, ба назди сокинони вилоят омада, мардумро ба ояндаи фирӯз бовар кунонданд. Маҳз бо талошҳои ин шахсияти ҷаҳонӣ бунёди шоҳроҳи байналмилалии автомобилгарди Душанбе - Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ - Мурғоб – Кулма, ки дар гузашта тасаввурнопазир буд, анҷом ёфт. Ин амали мондагору таърихӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшида,  дар беҳбуди рӯзгори мардум низ таъсири чашмрас гузошт. Гузашта аз ин, дар вилоят неругоҳҳои барқи обии «Помир -1», «Ширг-1», «Ширг-2», «Ванҷ-2», «Андарбак», Савноб» ва даҳҳо корхонаҳои саноатӣ сохта шуданд, ки ба рушди иқтисоди вилоят такони тоза бахшиданд.
Маркази маъмурии ВМКБ - шаҳри Хоруғ, ки солҳои шӯравӣ  ҳамагӣ чанд бинои чорошёна, ду - се корхонаи саноатӣ ва як бозорча дошт, ҳоло ба шаҳри ободу зебо ва маркази бузурги маъмуриву тиҷоратӣ табдил ёфтааст. Дар водиҳои Вахё, Ванҷи Боло, Язгулом, Бартанг, Ғунду Шохдара ва Вахон, Аличуру Қароқӯл мардум аз хонаҳои гилин ва бобоӣ ба манзилҳои аз ҷиҳати меъморӣ хуштарҳу замонавӣ гузаштанд, - изҳор дошт Ризо Раҳматшоев.
- Дар хусуси ҷасорат ва далерии як қатор роҳбарони кишварҳои мухталифи дунё бисёр хондаам ва шунидаам. Вале диловарӣ, ҷасорати бемисл, ҷоннисорӣ ва тамоми ҳастии хешро сарфи ободии кишвар ва саодатмандии мардум кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа аст. Чанд сол муқаддам Сарвари муаззами давлат дар ҳавои номусоид ба ноҳияи Мурғоб сафари корӣ анҷом доданд. Дар болои ағбаи Кӯҳтезак ва Булункӯли саросар яхбаста чархбол дигар имконияти давом додани парвоз надошт. Халлабонҳо пешниҳод карданд, ки ба шаҳри Хоруғ баргарданд. Вале ба мушкилу хатарҳо нигоҳ накарда, чархбол бо исрори Президенти мамлакат ба Мурғоб расид ва дар соҳили Булункӯли ноҳия ба замин нишаст. Сокинони Ҷамоати деҳоти Аличур аз хурд то бузург бо шодиву хуррамӣ ба соҳили Булункӯл шитофтанд ва Сарвари давлатро ҳар яке ба хонаҳои хеш даъват менамуданд. Баъди вохӯрии кӯтоҳмуддат бо бошандагони водии Аличур Президенти кишвар бо ягона мошини тамғаи «Нива» ба маркази ноҳия рафта, дар вақти муайяншуда бо сокинони ин минтақаи дурдасти Помири Шарқӣ мулоқот анҷом доданд. Ҳоло ин мошини «Нива»- ро писарони Ҷӯрабой Азимов чун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд. Дар ҳоле ки сайёҳони хориҷӣ онро бо нархи гарон ҳамчун ёдгории нодири таърихӣ харидорӣ кардан мехоҳанд.
- Ҳоло дар ин минтақаи баландкӯҳ даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, мактабҳо, муассисаҳои фарҳангӣ ва тиббӣ, биноҳои маъмурӣ ва садҳо манзили истиқоматӣ сохта шудааст, -изҳор дошт зимни суҳбат Султон Парманов, собиқ муҳаррири рӯзномаи «Сари кӯл» - и ноҳияи Мурғоб.
Ба гуфтаи Имат Бачабеков, сокини 96 - солаи ноҳияи Ванҷ, бо дастгирии Президенти мамлакат Ванҷи пурганҷ ҳам ба мисли дигар шаҳру навоҳии Бадахшон хеле ободу зебо гардидааст. Дар канори рӯдхонаи Ванҷоб неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори 950 киловатт соат бунёд ёфта, сохтмони неругоҳи барқи обии деҳаи Мотравни Ҷамоати деҳоти Язгулом босуръат идома дорад. Номбурда мегӯяд, ки солҳои сиюму чилуми қарни гузашта аз ҷониби ҷамъияти матлубот овардани чанд адад мизу курсӣ ва тахтаи синфӣ пешравии намоён буд. Ҳоло бошад, дар деҳкадаҳои Ванвану Пои Мазор ва Жамагу Зайчии баландкӯҳ низ хонандагон бо компютер ва дигар асбобу анҷоми муосири таълимӣ таъминанд. Тавассути ғамхориҳои Президенти кишвар сокинони кӯҳистон низ мисли мардуми шаҳр хеле тозарӯзгоранд. Дар рустоҳои баландкӯҳ ҳам манзилҳои истиқоматии бисёрошёна месозанд. Мардум бо неруи барқи доимӣ таъмин буда, барномаҳои телевизиониро тариқи моҳвораҳо тамошо мекунанд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2017    №: 134-135    Мутолиа карданд: 514

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед