logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТ. ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

Охири  садаи  гузашта  сокинони мамлакат ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ гардиданд. Бо дасисаю иғвои гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохилию хориҷӣ кишвари азизамон - Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Бар асари он шахсони зиёди бегуноҳ  ба  ҳалокат расида, як қисми рустоҳо, шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳо ба харобазор табдил ёфтанд. Он айём сохтори фалаҷшудаи ҳокимият аз уҳдаи идораи давлат баромада натавонист.
Ба гузашта санги маломат задан, аз буда бештар баҳо додан ба воқеият, таҷрибаи корӣ надоштан дар демократисозии ҷомеа, ба арсаи сиёсат қадам гузоштани як гурӯҳи мансабхоҳ боиси парокандагии миллат ва нооромии ҷомеа гардид. Барои расидан ба мансабу вазифа талошҳо ва кашмакашиҳо идома ёфта, оташи низоъро аланга медоданд. «Равшанфикрон»-и мансабхоҳ баҳонаҳои ночизро барои бадном намудани сохти мавҷуда, сиёҳ кардани сарони давлати навинтихобшуда истифода мебурданд. Ҷамъияту созмонҳои навташкил ба сиёсат часпида, ҷомеаро ноором сохтанд. Майдоншинию гаравгонгирӣ ба ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфта буд.
Ояндаи давлату миллат неруҳои солимфикри ҷомеаро ба андеша водор сохта буд, онҳо роҳи наҷот меҷустанд. Халқ аз мақомоти давлатӣ ва роҳбарони кишвар барои муътадил сохтани вазъият андешидани тадбирҳои таъҷилиро тақозо менамуд. Беҳокимиятӣ боиси талаву тороҷи сарвати давлат ва ҷамъият гардид.
Дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони халқ Эмомалӣ Раҳмонро якдилона Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Ва ин фарзанди барӯманди миллат, сиёсатмадори барҷаста, саодатбахш ба боварии вакилон ва халқи Тоҷикистон сазовор гашт. Ақл раҳнамову мададгор ва ҷасорат зафарёраш шуд.
Солҳои баъдӣ бо ҷаҳду талошҳои хастанопазири Сарвари давлат вазъият тадриҷан ба эътидол омад. Ва 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Дар сарзамини тоҷикон сулҳ барқарор гашт. Муколамаи сиёсӣ роҳи ягонаи ҳалли мушкилоти тоҷикон дар таъмини мусолиҳаи миллӣ қарор гирифт. Ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, бавижа гурезаҳои иҷборӣ таъмин шуданд. Беш аз як миллион гуреза ба манзили доимии худ баргашта, ба корҳои ободонию созандагӣ камари ҳиммат баст, дар пешрафту тараққии кишвар саҳм гузошт. Таҳти сарварии хирадмандонаи Президенти мамлакат дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тағйироти куллӣ ба амал омад. Вазъи муътадили ҷамъиятию сиёсӣ, сулҳу осоиш имкон фароҳам овард, ки кишвар аз мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ раҳо ёфта, ба ислоҳоти  воқеии хоҷагии халқ оғоз намояд.
Имрӯз мо худшиносу худогоҳем. Оламиён ҳадафҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии моро пазируфтанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, мавқеи Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои гуногун муайян сохта, силсилаи таклифҳои пурарзиш пешниҳод намуда, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд. Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 - ро Соли байналмилалии «Оби тоза», солҳои 2005 - 2015 - ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намуд. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 қадами ҷиддӣ дар раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад гашт.
Умари ШЕРХОН,  адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2017    №: 134-135    Мутолиа карданд: 603

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед