logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОНУ ВЕНГРИЯ БА МАРҲАЛАИ НАВИ ҲАМКОРИҲО ВОРИД МЕШАВАНД

28 июни соли 2017 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо вазири робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва корҳои хориҷии Венгрия Петер Сийярто, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.

Нахуст, мулоқоти як ба яки вазирони корҳои хориҷӣ доир гардида, баъдан, бо иштироки ҳайати васеи намояндагони ҳар ду ҷониб идома ёфт. Зимни вохӯрӣ маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Венгрия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз сатҳу муҳтавои ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар 25 соли ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.  Мусоҳибон ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва дарёфти роҳу василаҳои нави тавсеаи робитаҳо дар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак ибрози омодагӣ намуданд.
Пас аз фарҷоми музокироти ҳайати васеи тарафайн нишасти матбуотӣ доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо ба намояндагони васоити ахбори омма аз рафти гуфтушунидҳо, ки маҷмӯи масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, минтақавӣ ва бисёрҷонибаи ду кишварро дар бар гирифт, иттилоъ доданд. Аз ҷумла, Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳузури хабарнигорон изҳор дошт, ки ин мулоқоти судманду созанда дар таҳкими муносиботи ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид.
- Таҳаввулот ва рӯйдодҳои ахири минтақавӣ ва байналмилалӣ дар меҳвари гуфтушунидҳо қарор доштанд. Дар ин замина ҷонибҳо алоқамандии худро ҷиҳати дастгирии талошҳои Ҳукумати Афғонистон баҳри эҳёи ин кишвар ва таъмини сулҳу суботи пойдор ва шукуфоӣ дар он изҳор карданд. Мо уҳдадориҳои худро ҷиҳати татбиқи муассири ташаббусҳои муштарак дар чаҳорчӯби Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018 - 2028 бори дигар таъкид намудем. Дар ин радиф оид ба аҳамияти обу энергетика барои рушди устувори Тоҷикистон ва минтақа гуфтугӯи судманд сурат гирифт ва ҳамгироии минтақавӣ ҳамчун омили асосии шукуфоии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ арзёбӣ гардид, - изҳор дошт Сироҷиддин Аслов.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2017    №: 136    Мутолиа карданд: 510

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед