logo

сиёсат

ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТҲОРО БА ҲАМ НАЗДИКТАР МЕСОЗАНД

Форуми солонаи Бунёди Рамсфелд, ки аллакай шакли устувор ва анъанавиро гирифта, ба як форуми муассири баррасии равандҳо ва масъалаҳои ҳавзаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Муғулистон, Қафқоз ва Афғонистон табдил шудааст, барои ҳамаи мо фурсати гуфтугӯ ва иртибот дар мавзӯъҳои муҳимтарини минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятиро фароҳам меорад. Зимнан, мо аз баргузор шудани ин ҳамоиш дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи он ба ҳам наздиктар шудани давлатҳо, миллатҳо ва коршиносони минтақа истиқбол менамоем.
Ин матлабро Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Форуми байналмилалӣ, ки таҳти унвони «Рушди ҳамкориҳои минтақавӣ» 1 июли соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси» баргузор гардид, дар ҳузури намояндагони баландмақоми  понздаҳ кишвари ҷаҳон, роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, молия ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносон ва воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ баён намуд. Мавсуф зикр кард, ки пас аз касби соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ роҳи бисёр мураккаб ва пурпечутоби бунёди давлатдориро аз сар гузаронда, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як давлати мустақил, босуботу устувор ва рӯ ба рушдниҳода табдил ёфт.
Дар заминаи Ҳадафҳои нави рушди устувор, ки соли гузашта дар ҷаласаи 70-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк қабул гардида буд, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамчун заминаи асосӣ барои амалисозии афзалиятҳои муҳими кишвар марбут ба баланд бардоштани масъулияти сохторҳои дахлдори давлатӣ ҷиҳати такмил додани низоми муосири муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, инчунин, ҷалби фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ баромад мекунад, қабул гардид.
Давлаталӣ Саид таъкид кард, ки роҳбарияти олии мамлакат тавонист бо татбиқи шаклу фаҳмиши муосири консепсияи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон робитаҳои баробарҳуқуқи дӯстона ва шарикона барқарор намуда, ҷойгоҳи устувори байналмилалии худро ба даст орад. Зикр гардид, ки ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла иқдомҳои созанда дар масъалаҳои таъмини беҳтари башарият ба об, аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид эътироф гашта, дар барномаи кории ин созмони бонуфузи байналмилалӣ қарор гирифтаанд.
Дар Форум таъкид шуд, ки дар раванди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Ҳамкории Шанхай аз шарикони устувор буда, дар масъалаҳои муҳиме, назири ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, тақвияти институтҳои шаҳрвандӣ ва демократӣ, сармоягузорӣ барои рушди Тоҷикистон, таҳкими амнияти миллӣ ва минтақавӣ, хусусан, мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳамкориҳои васеъ ба роҳ монда шуданд.
Додоҷон РӮЗИЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.07.2017    №: 138    Мутолиа карданд: 517

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед