logo

иҷтимоиёт

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР РАШТ

Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва дар доираи тадбиқи ҳадафҳои бунёдии «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2023» бо мақсади пешгирии бемориҳо ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа корвони саломатӣ ба ноҳияи Рашт ташриф овард.
Гурӯҳи табибон дар беморхонаи марказии шаҳраки Ғарм қарор гирифта, аз субҳи барвақт ба муоина ва ташхиси шаҳрвандон шурӯъ намуданд.  Корвонро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ М. Камолзода роҳбарӣ намуд. Ҳайати мутахассисони ботаҷрибаи ҷумҳурӣ иборат аз 60 нафар ба мардуми водии Рашт хидмати тиббӣ расонданд. Мутахассисон бо истифода аз  таҷҳизоти замонавӣ, яъне дастгоҳҳои ташхисии фаросавтӣ, сабти барқии дил, дастгоҳҳои даруннигарӣ, нақлиётҳои сайёри флюрографӣ,  тестҳо барои ташхиси диабети қанд, ташхиси ВНМО ва дигар воситаҳои техникӣ мардумро муоина намудаанд.  Дар як рӯз 9 нафар беморонеро, ки эҳтиёҷ   ба ҷарроҳӣ доштанд, ройгон ҷарроҳӣ намуда, бештар аз 4 ҳазор нафар муроҷиаткунандагонро, ки аз ҷамоатҳои дурдасти навоҳии Рашту Тоҷикобод ҳузур доштанд аз ташхис гузаронда, як қисми онҳоро барои гирифтани табобат ба беморхонаҳои шаҳри Душанбе тавсия доданд. Аз ҷумла,  Ҷавоҳир Воҳидова, ки солҳои зиёд аз бемории васеъшавии варамҳои зери пӯсти пойҳо (варикоз) азоб мекашид, ҳамчунин 8  нафари дигар бо бемориҳои гуногун ҷарроҳӣ карда шуда, дар беморхонаи марказии шаҳраки Рашт хобонда шуданд.
Зимни вохурӣ ва суҳбатҳо бо аҳолӣ маълумамон гашт, ки мардуми Раштонзамин аз ин ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сидқан миннатдор буда, ҷавобан ба ин ғамхориҳо хидмати содиқонаро баҳри Ватан, миллат ва давлат сармашқи кори худ қарор медиҳанд.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2017    №: 139    Мутолиа карданд: 479

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед