logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА ОЛМОН ДАР САДАДИ ҲАМКОРИҲОИ БЕШТАРАНД

Аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замини федеролии Ҳамбург зери унвони “Ваҳдати миллӣ - асоси рушди миллии Тоҷикистон” ҳамоиш доир гардид. Дар он доираҳои сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангӣ, вакилони Бундестаг, корпуси дипломатӣ, аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Маликшо Неъматов, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон, иброз дошт, ки маҳз сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар мамлакат барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат барои расидан ба рушди устувор қабул гардида, марҳала ба марҳала амалӣ шаванд. Сипас, нуктаҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли  2030 муаррифӣ гардиданд. Зикр  шуд, ки Ҳукумати Олмон ба ҳайси шарики муҳими Тоҷикистон дар Аврупо омодагии худро барои мусоидат ба амалӣ гардидани бандҳои стратегияи миллӣ иброз кардааст.
Вакили Бундестаги Олмон ҷаноби Юрген Климке аз натиҷаҳои сафараш ба Тоҷикистон, ки аввали моҳи июни соли ҷорӣ иттифоқ афтода буд,  нақлҳои ҷолиб кардааст. Ба гуфтаи ӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир дар ҳамаи самтҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дорои захираву имкониятҳои зиёди иқтисодӣ мебошад. Номбурда аз доираҳои иқтисодӣ ва сармоягузории кишвараш даъват ба амал овард, ки бо Тоҷикистон ҳамкории густурда ба роҳ монанд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2017    №: 140    Мутолиа карданд: 528

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед