logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, шаҳри Душанбе, 5 июли соли 2017

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум,
хонумон ва ҷанобон!
Нахуст дар ҳузури Шумо бори дигар дӯсту бародари гиромии худ, Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳайати ҳамроҳашро хайрамақдам мегӯям. Ҳамчунин, бо истифода аз фурсати муносиб, дӯстони покистонии моро ба муносибати узвияти комилҳуқуқашон дар Созмони Ҳамкории Шанхай самимона муборакбодӣ менамоям.
Мо аз раванди идомаёбандаи тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, изҳори қаноатмандӣ менамоем. Ташрифи кунунии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шарифро, ки дар давраи барои таърихи муосири муносибатҳои ду кишвар хотирмон – 25 - солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар – доир гардид, мо дорои аҳамияти хоса медонем.
Итминони комил дорам, ки натиҷаҳои музокироти имрӯзаи мо, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва самимият сурат пазируфт, муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои ба ҳам дӯсти моро тақвияти дучанд бахшида, омили густариши тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон хоҳанд шуд.
Ҳар ду ҷониб бар онанд, ки ҳамкории фарогир ва созанда комилан дархӯри манфиатҳои дарозмуҳлати мардумони ду кишвар мебошад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки он ба густариши ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақаи фарохи Осиёи Марказию Ҷанубӣ мусоидати ҷиддӣ менамояд. Ин нукта дар Эъломияи муштарак дарҷ ёфтааст.
Мо сатҳи имрӯзаи ҳамдастиву эътимоди сиёсии миёни ду кишварро баланд арзёбӣ менамоем. Ба андешаи мо, муколамаи мунтазам ва пурмазмуни сиёсӣ минбаъд низ метавонад омили такондиҳандаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ҷонибҳо бошад. Айни замон мувофиқи мақсад мебуд, ки арсаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ аз ҳисоби идомаи самарабахши кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ  тавсеа дода шаванд.
Дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ мо ҳамаҷониба ва ба таври муфассал маҷмӯи масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор додем.
Ҷонибҳо имконоти бузург ва захираҳои фаровони ҳамкории муфидро дар ҳамаи ин самтҳо зикр карданд.
Дар ин иртибот аҳамияти тавсеаи соҳаҳо ва мундариҷаи ҳамкориҳои иқтисодӣ махсус таъкид гардид.
Ба мақсади мусоидат ба хизматрасониҳо дар арсаҳои ҳамлу нақл миёни ду кишвар ва дохили минтақа ҷонибҳо ҳар чи зудтар мувофиқа намудани Созишномаро оид ба тиҷорати транзитии дуҷониба таъкид карданд.
Мо умед дорем, ки доираҳои сармоягузори кишвари дӯсти Покистон дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои бузургу миёнаи он иштироки фаъолу судманд хоҳанд дошт. Ин, алалхусус ба барномаҳои рушди саноат, энергетика, инфрасохтори энергетикию нақлиётӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ дахл дорад. Яке аз лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва барои кишварҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ муҳим барномаи САSА – 1000 мебошад.
 Тоҷикистон кишвари маҳсур бо хушкӣ мебошад. Дар ин замина мо бори дигар манфиатдории худро ба истифодабарии имкониятҳои бандарҳои баҳрии Покистон ва шабакаҳои мавҷудаи транзитӣ барои тавсеаи тиҷорат дар сатҳи минтақа таъкид доштем.
 Ҳар ду ҷониб нисбат ба мавзӯоти густариши ҳамкории фарҳангию башарӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Дар ин зимн аз ҷониби мо ба дурнамои хуб ва аҳамияти омӯзишу амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои илмию техникӣ ишора карда шуд.
Мо доир ба номгӯйи фарохи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намудем. Вобаста ба ин, нисбат ба мавзӯи пайдо кардани роҳу василаҳои самарадеҳи густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба ва   рушду такомули онҳо, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ҳамкории Шанхай, ҳамкории исломӣ ва ҳамкории иқтисодӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Зимни баррасию муҳокимаи вазъияти имрӯзаи минтақа қазияи Афғонистон яке аз мавзӯъҳои меҳварии музокироти мо буд. Ба эътидол овардани вазъи Афғонистон ва истиқрори сулҳу суботи комил дар ин кишвари ҳамсоя барои давлатҳои мо ниҳоят муҳим аст. Мо тасмим гирифтем, ки ба манзури мусоидат ба раванди барқарории сулҳу суботи пойдор дар он ҳамоҳангию ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаи бештару муассире дошта бошем.
Ҳамчунин, масъалаҳои мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ки ба амнияти ҳар ду кишвар ва тамоми минтақа хатар эҷод месозанд, дар маркази диққати мо қарор дошт. Дар ин самт бештар ҳамоҳанг намудани фаъолияти хадамоти махсус ва дигар сохторҳои марбутаи ду давлат тақозои замон дониста шуд.
Ҷониби Тоҷикистон аз ҷараёну натиҷаҳои бадастомадаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф комилан қаноатманд буда, онро чун як қадами нав дар самти густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар арзёбӣ менамояд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.20171    №: 140    Мутолиа карданд: 1712

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед