logo

сиёсат

САФАРИ РАСМИИ МУҲАММАД НАВОЗ ШАРИФ БА ТОҶИКИСТОН

Имрӯз сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф аз маросими истиқболи бошукӯҳ дар назди Қасри миллат, ки ба таври идона ороста шуда буд, оғоз гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр - Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шарифро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Дар маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои мусиқии нафасӣ саф ороста, ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Покистон иштирок доштанд.
Дар расми истиқбол сурудҳои миллии ду давлат садо дода, зери навои ифтихорӣ роҳбарони Тоҷикистону Покистон аз назди ҳайати Горди фахрӣ гузар намуданд ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ба ҳайати сафоростаи низомӣ арзи салом карда, эҳтироми Парчами давлатии Тоҷикистонро ба ҷо овард.
Маросими бошукӯҳи истиқболи меҳмони олиқадр баъди шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб анҷом ёфт.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон

Имрӯз мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон нахуст аз вохӯрии хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф оғоз гардида, сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, Сарвазири ин кишварро барои ба узвияти Созмони Ҳамкории Шанхай пазируфта шудани Ҷумҳурии Исломии Покистон табрик намуданд.
Аз раванди идомаёбандаи тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, изҳори қаноатмандӣ карда, ҷонибҳо дидору вохӯриҳои сатҳи баланди имрӯзаро дар давраи барои таърихи муосири муносибатҳои ду давлат хотирмон ва 25 - солагии барқароршавии робитаҳои дипломатӣ муҳиму манфиатдор арзёбӣ намуданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои музокироти имрӯза муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои ба ҳам дӯстро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, илму техника ва фарҳанг тақвияти дучанд бахшида, дар оянда воситаи муҳими таҳкимбахши маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон хоҳанд гардид.
Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамдастиву эътимоди сиёсии миёни ду давлат изҳори қаноатмандӣ карда, барои тавсеаи бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ идомаи фаъолияти самарабахш ва тавсеаи кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро муҳим арзёбӣ намуданд.
Бо мақсади мусоидат ба хизматрасониҳо дар арсаҳои ҳамлу нақл миёни ду кишвар ва минтақа ҷонибҳо ҳар чи зудтар мувофиқа намудани Созишномаро оид ба тиҷорати транзитии дуҷониба таъкид карда, ҳамчунин, изҳори умедворӣ намуданд, ки доираҳои сармоягузории Покистон дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои бузургу миёнаи кишвари мо дар соҳаҳои саноат, энергетика, инфрасохтори энергетикию нақлиётӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ иштирок хоҳанд кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон кишвари маҳсур бо хушкӣ мебошад ва бори дигар манфиатдории худро ба истифодабарии имкониятҳои бандарҳои баҳрии Покистон ва шабакаҳои мавҷудаи транзитӣ барои тавсеаи тиҷорат дар сатҳи минтақа таъкид менамояд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҳамдастии давлатҳоро дар заминаи татбиқи яке аз лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва барои кишварҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ муҳим - лоиҳаи САSА – 1000 таъкид намуданд.
Дар мулқоту музокироти сатҳи баланд, ҳамчунин, доир ба номгӯйи фарохи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ки ба амнияти ҳар ду кишвар ва тамоми минтақа хатар эҷод менамоянд, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Зимни мулоқоту музокироти судманд, ҳамчунин, ба масъалаи пайдо кардани роҳу василаҳои самарадеҳи густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба ва рушду такомули онҳо, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ҳамкории Шанхай, ҳамкории исломӣ ва ҳамкории иқтисодӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Ҳар ду ҷониб ҳамкории фарогир ва созандаи байнидавлатиро мутобиқ ба манфиатҳои дарозмуҳлати мардумони ду кишвар арзёбӣ карда, густариши ҳамгироии минтақавиро, ки ба таҳкими сулҳу субот дар минтақаи фарохи Осиёи Марказию Ҷанубӣ мусоидати ҷиддӣ менамояд, тадбири зарурӣ ва муҳим шумориданд.

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистон

Дар охири музокироти сатҳи олӣ аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти дуҷониба бо иштирок ва дар ҳузури сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Навоз Шариф  як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Изҳороти муштараки сарони давлатҳо “Роҳ ба шарикии стратегӣ барои ҳамбастагии минтақавӣ” байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф имзо карданд. Ҳамчунин, дар ҳузури сарони давлатҳо Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи аграрии Равалпиндии Покистон ба номи Пир Алӣ Шоҳ Меҳр ба имзо расид.
То имрӯз заминаи ҳуқуқию меъёрии муносибатҳои ҳамкорӣ аз 50 санади муҳим иборат буд.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷи кишвар нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олиро барои рушду густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Покистон назаррас арзёбӣ намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2017    №: 140    Мутолиа карданд: 363

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед