logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН ВА ТАЪСИРИ РАВАНДҲОИ ДИНӢ БА ҶАҲОНБИНИИ ОНҲО

Сиёсати созанда ва мардумсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такомули ҳамешагии сармояи инсонӣ дар роҳи ҷавон гардондани иқтидори кадрӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи тахассусии ҷавонон падидаи бесобиқа дар таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Бо зикри ин матлаб Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваҷҷуҳи иштирокдорони мизи мудавваре таҳти унвони «Таъсири равандҳои динӣ ба ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги ҷавонон», ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҷалб сохт. Таъкид шуд, ки дар роҳи эҳёи фарҳанги безаволи миллӣ, арзишу муқаддасоти динию мазҳабӣ, пойдории сулҳу субот ва ба ваҷҳи писандида тағйир додани имиҷи байналмилалии Ватани аҷдодӣ ҳар як фарди худогоҳу худшинос бояд имкониятҳои ақлию зеҳнии худро сарф намояд.
Дар ҳамоиш, ки ба Соли ҷавонон бахшида шуда буд, перомуни нақши муассири ҷавонон дар пешгирии ифротгароии динӣ ва шинохти созгору пазируфтании арзишҳои исломӣ табодули афкори судманд  сурат гирифт. Гуфта шуд, ки яке аз омилҳои муҳими ифротзудоӣ ва пешгирикунандаи тундгароӣ табдил ёфтани «қаламрави сепорчаи Тоҷикистон ба як кишвари воҳид» аст. Додугирифти ҳамешагӣ ва аз наздик бо ҳам шинос шудани сокинони мамлакат шиддати таассубу хурофот, ақидаҳои тундравию ифротгароӣ ва андешаҳои тахайюлӣ доштан нисбат ба якдигарро коста гардонд.
Ба гуфтаи директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи дигари ниҳоят муҳим, ки барои баланд бардоштани нақши созандаи ҷавонон ва таъмини амнияти динию эътиқодӣ ва мазҳабии кишвари мо таъсиргузор аст, ин бунёди ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум, пеш аз ҳама, ҷавонон мебошад. Қабули барномаи давлатии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» низ ба хотири расидан ба ҳадафҳои волои иҷтимоӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ва тақвияти сармояи инсонӣ равона гардидааст.
Меъроҷиддин Сироҷиддинзода, номзади илмҳои фалсафа, ки дар мавзӯи «Масъулияти ҷавонон дар асри ҷаҳонишавӣ» суҳбат мекард, таҳкими пояҳои ахлоқии ҷомеа, рушди тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои ниёгон, арҷгузорӣ ба арзишҳо ва муқаддасоти динии мабно ба таълимоти мазҳаби ҳанафиро аз ҷумлаи омилҳои ҳалкунанда дар устувории умумии идеологии ҷавонон дар шароити соҳибихтиёрӣ маънидод кард. Номбурда тазаккур дод, ки муаррифии арзандаи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои воқеии исломӣ дар тарбияи рӯҳияи ватандӯстӣ ва фидокории насли ҷавон нақши муассир мебозад.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2017    №: 141    Мутолиа карданд: 523

26.02.2020


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

ДАНҒАРА – МИЗБОНИ ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ

КИШОВАРЗӢ. НЕСТ КАРДАНИ ТУХМИИ ВАТАНӢ ХАТОИ НОБАХШИДАНИСТ

МАЪЮБОН КОРХОНАИ ҲАМРОЗ ДОРАНД

RABAT GRAND PRIX 2020. ТОҶИКИСТОНРО 7 ПАҲЛАВОН МУАРРИФӢ МЕКУНАД

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед