logo

иҷтимоиёт

"ШОҲИН". МАВСИМ ОҒОЗ ШУДА БОШАД ҲАМ...

Басти аввали мавсими истироҳат кайҳо оғоз шуда бошад ҳам, дар ин ҷо баҳри истироҳаткунандагони наврас як муҳити тоза ва рангину афсонавӣ ҳанӯз муҳайё нагардидааст. «Шоҳин» қаблан бо номи «Орлёнок» машҳур буд. Дар яке аз мавзеъҳои басо хушманзари соҳили «Баҳри тоҷик»  доман густурдаву  ҳавои мусаффою беғубор ва насими рӯҳбахш дорад. Бо мақсади шиносоии амиқтар роҳ сӯи «Шоҳин» гирифтем. Ҷавоне ҳозир гашта,  бо муаррифии «Ман старший пионервожатий Акбар Самадов» маро   то дафтари кории муовини директори ҶДММ «Шоҳин - БМТ» Умеда Раҳимова роҳбаладӣ кард.
Дар саҳни лагер корҳои таъмиру тармим идома меёфтанд. Дуртар аз бинои маъмурӣ зери дарахтон машқи пагоҳирӯзӣ бо забони ғайридавлатӣ мегузашт.
Умеда Раҳимова тазаккур дод, ки лагер дар масоҳати зиёда аз 23 гектар доман паҳн кардааст.  «Шоҳин» имкон дорад дар як навбат то 650 нафарро пазироӣ намояд, ҳоло бошад, дар оғози мавсим ҳамагӣ наздики 150 нафар истироҳаткунандагон омадаанду халос. Суол мекунам, ки шояд сабаб гаронии роҳхат бошад, ки  арзиши  10 рӯзи фароғат вобаста ба шароити зист аз 850 то 1000 сомониро ташкил медиҳад. Аммо масъулин сабаби теъдоди ками муштариёнро аз рафти имтиҳонот дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ арзёбӣ карданд.
Дар тамоми майдони лагер ба истиснои як - ду акси ҳайвон дигар ҷузъиёте, ки олами афсонавӣ, дунёи рангини бачаҳоро бозгӯ намояд, нест.
- Биёед, ба суолҳои шумо вобаста ба мазмуну мундариҷаи барномаҳо Фаридун Муҳсинзода посух диҳанд, - гуфт ӯ.
Фаридун Муҳсинзода нав сарвари лагер таъйин шудааст, таҷрибаи хуби корӣ дорад, зеро шаш сол дар лагери аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи  «Уқобча» - и Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолият дошт. Ӯ оид ба чӣ тавр ҷараён гирифтани басти аввали мавсими имсола, амал кардани  наздики 15 маҳфили гуногун, аз қабили кулолгарӣ, рассомӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, баргузории чорабиниҳои дигар нақл кард. Аммо аён буд, ки ҳанӯз дар лагер чунин фазову муҳит муҳайё нест. Мактабиён аз дарсҳо хаста шуда, баҳри осоиш ва фароғат ба лагер меоянд. Бо онҳо акнун дар ин ҷо на бо маърӯзахонӣ,  балки бо аёният, бо манзараҳо гуфтугӯ бояд кард.
Сарвари лагер дар иртибот ба таҳияи барномаи фароғатии истироҳаткунандагон тазаккур дод, ки то ин дам дар ин ҷо барномаҳо бо забони давлатӣ таҳия намешуданд. Дар  мавсими нав чунин як кӯшиш шуд. Имсол тибқи барнома наврасон метавонанд  дар давоми истироҳат  аз ҷойҳои таърихии вилоят - қасри «Арбоб», осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ дидан кунанд. Албатта, натиҷаҳо ҳанӯз кифоя ва басанда нестанд. Имрӯз дар масъалаи шароити хуби зиндагӣ, истироҳат ва ғизо мушкилоте вуҷуд надорад, аммо барномаҳо бояд эҷодкорона бошанд.
1 июни соли ҷорӣ зимни машварати корӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ташкили истироҳату фароғати кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳу лагерҳои наздимактабӣ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд. Иншооти фарҳангию фароғатӣ самаранок истифода шаванд, шароити истироҳат ба меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯ ва барномаҳо рангину дилнишин бошанд.
Мутаассифона, дар «Шоҳин - БМТ» барномаи ҷолибе ба назар нарасид.
Ҷовиди АШТӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2017    №: 141    Мутолиа карданд: 638

26.02.2020


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

ДАНҒАРА – МИЗБОНИ ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ

КИШОВАРЗӢ. НЕСТ КАРДАНИ ТУХМИИ ВАТАНӢ ХАТОИ НОБАХШИДАНИСТ

МАЪЮБОН КОРХОНАИ ҲАМРОЗ ДОРАНД

RABAT GRAND PRIX 2020. ТОҶИКИСТОНРО 7 ПАҲЛАВОН МУАРРИФӢ МЕКУНАД

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед