logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ САРОНИ ДАВЛАТҲО ВА ҲУКУМАТҲОИ КИШВАРҲОИ ИШТИРОКЧИИ ТАРҲИ CASA - 1000

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Пуғус”  дар дараи Варзоб дар мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи CASA - 1000 иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маҳали баргузории мулоқоти сатҳи олӣ меҳмононро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.
Пас аз маросими аксбардорӣ дар толори бошукӯҳи бӯстонсаройи “Пуғус” мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори лоиҳаи CASA - 1000 бо иштироки ҳайатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон, Қирғизистон ва намояндагони як қатор ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ баргузор шуд.
Дар вохӯрии сатҳи баланд Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ,  Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай   Жээнбеков иштирок доштанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олиқадрро ба сарзамини Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои иштироки фаъол дар татбиқи саривақтии лоиҳаи муҳиму манфиатбори минтақавии CASA - 1000 таъкид намуданд. 
Дар мулоқот Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ,  Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Ранҷит Ламек сухан ронда, оид ба нақш ва мавқеи давлатҳои худ дар роҳи татбиқи лоиҳаи бузурги минтақавии CASA - 1000 фикру мулоҳизаҳои судманд ва пешниҳодҳои асоснок  баён карданд.
Дар интиҳои кори ҳамоиш Эъломияи муштарак оид ба натиҷаҳои мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои иштирокдори лоиҳаи CASA-1000 қабул гардид, ки нишона аз ҷамъбасти бобарори ин чорабинии сатҳи минтақавӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 12 майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков ба оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA - 1000 асос гузошта шуда буд.
Пас аз анҷоми мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олиқадр - Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ,  Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбековро дар мавзеи хушобу ҳавои Варзоб дар бӯстонсаройи "Пуғус" бо дастовардҳои маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, ки дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буданд, шинос намуданд.  
Дар намоишгоҳ меҳмонон анвои гуногуни меваҷоти хуштаъм, меваҳои хушк, маҳсулоти полизӣ ва асалро, ки аз неъматҳои фаровони моддии кишвари мо мебошанд, тамошо карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2017    №: 141    Мутолиа карданд: 1986

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед