logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ СЕҶОНИБА

6 июл дар бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Пуғус», воқеъ дар дараи хушманзараи Варзоб, мулоқоти сеҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф баргузор шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  бори дигар ташрифи меҳмонони олимақоми ҳамсоякишварҳоро  ба сарзамини бостонии Тоҷикистон  самимона хайра мақдам гуфта, изҳор доштанд, ки мо ҳамсоягони дорои пайвандҳои ногусастании иҷтимоиву фарҳангӣ ва тамаддуниву маънавии муштарак мебошем ва рисолати мост, ки ин пайвандҳои таърихии мардумонамонро бо ҳусни ният, азми қотеъ ва саъйю талоши пайгир таҳкиму тавсеа бахшем.
Аз нишасти охирини сарони давлатҳои сегона - Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон  дар баҳори соли 2014  ёдовар шуда,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намуданд, ки дар  ин давра  оғози татбиқи лоиҳаи минтақавии  CАSА - 1000  аз  дастовардҳои  бузург ва  таърихии ин давлатҳо ба ҳисоб меравад.
Дар мулоқоти сегона бо диди васеъ ва иродаи матин суръат бахшидани раванди татбиқи ин тарҳи стратегӣ  таъкид гардида, аз роҳбарони ҳайатҳо даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати татбиқи бетаъхири лоиҳа бо мақсади пайванди табиии  давлатҳои  минтақа  ва  таъмини  рушди устувори иқтисодию иҷтимоии онҳо тадбирҳои судманд амалӣ намоянд.
Ҳамчунин, дар заминаи иҷрои тарҳҳои муштарак ҷиҳати тавсеаи зерсохтори иртиботии  кишварҳо  тавассути сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, рушди алоқаи ҳавоию  телекоммуникатсионӣ  ва пайвастагии минтақавӣ, истифодаи масири транзитӣ ва имзои ҳар чи зудтари Созишномаи тиҷорати транзитии се кишвар  фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуданд.
Густариши бештари  ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ  ба нафъи мардумони се кишвар ва омили муҳими  тавсеаи робитаҳои минтақавӣ дониста шуд ва  мусоидату корбурди василаҳои муосир – гузарондани  намоишгоҳҳову анҷуманҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ  ва сармоягузории муштарак бо мақсади ташвиқи бештару муаррифии имкониятҳои ҳамдигар, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ  муфид арзёбӣ гардид. Бо назардошти ин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ҳамчун иқдоми аввал дар ин ҷода дар рӯзҳои ҷашни суннатии Меҳргон дар моҳи октябри соли равон Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон дар шаҳри Душанбе гузаронда шавад.
Изҳори  итминон карда шуд, ки баҳри ҳалли мушкилиҳои мубрами рӯз, бахусус аз байн бурдани камбизоатӣ, эҷод намудани ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷалби технологияҳои муосир барои рушди босуботи ҷомеа  иқдомҳои муштарак  дар рӯҳияи созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ пеш гирифта мешаванд.
Ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамкориҳои сеҷониба дар самти иштироки фаъол дар баэътидоловарии вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва қочоқи маводи нашъаовар табодули афкор намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.07.2017    №: 142    Мутолиа карданд: 1556

22.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Владимир Воронков

Баргузории ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии ИДМ

Боздиди ҳайати кормандони Сафорати Тоҷикистон аз шаҳраки саноатӣ

Ҳамлаи хунин ба меҳмонхонаи Intercontinental дар Кобул

Хазинаи байналмилалии асъор: «Иқтисоди Русия рӯ ба болоравист»

«Ҷабҳат ан – Нусра» дар Идлиб ба муҳосира гирифта шуд

Ба ҳадди рекордӣ расидани пасандози русиягиҳо

Дар Шведсия бокси ҳирфаиро эҳтимол манъ созанд

18.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо сафири тозатаъйини Озарбойҷон

Ҷамъомади муҳим дар Кумитаи рушди маҳал

Супурдани эътимоднома ба Президенти Беларус

Самтҳои асосии рушди туризм матраҳ гаштанд

Шиносномаи Тоҷикистон дар сархати 81-уми раддабандии байналмилалӣ

Дар Аврупо бидуни Русия сулҳу субот нахоҳад буд

Президенти Миср: «Баҳори арабӣ» ба «хазон шудан» - и 1,4 миллион нафар сабаб гашт»

YouTube тавассути технологияҳои нав 98 дарсади видеоҳои экстремистиро ошкор сохт

Дар баҳри Миёназамин 1400 муҳоҷир наҷот дода шуд

Арманистон минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд менамояд

Истифодаи партовҳои электронӣ барои ороишоти заргарӣ

16.01.2018


Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Найтхарт Хёфер Виссинг

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад»

Баргузории конференсияи сайёҳӣ дар Кӯлоб

Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

ХУҶАНД. Корхонаи истеҳсоли велосипед бунёд мешавад!

Ҷаҳон дар як сатр

Президенти Афғонистон артиши кишварашро бидуни ёрии ИМА нотавон хонд

Сипосгузории Трамп аз Қатар барои «мубориза бо терроризм»

Қазоқистон содироти газро ба Чин афзун мекунад

Испания дувумин кишвари сайёҳии дунё шуд

Дар Арабистони Саудӣ баъди 35 сол кино намоиш медиҳанд

Разведкаи ИМА: «Киштии зериобии «Сан – Хуан» дар они воҳид таркид»

15.01.2018


Баррасии масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар

Мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод ва Леонид Заятс

Ҳамоиш бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед