logo

Хабарҳо

ДАРВОЗ. Истироҳати бачагон хуб ташкил шудааст

Бино ба гуфтаи Акбар Раҳмоналиев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз,  баҳри фароғати  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи Хумб, Нулванд ва  Вишхарви ноҳия  дар мавзеи Хостав истироҳатгоҳи тобистона ташкил карда шудааст. 

Биноҳои  барҳавои ин мавзеъро роҳсозони ширкати туркии «Ояк иншаат» ҳангоми бунёди қитъаи роҳи Шоҳон – Зиғар - Шкеви шоҳроҳи  автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб - Дарвоз- Хоруғ – Мурғоб - Кулма бунёд карда буданд. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иморатҳоро роҳсозон вайрон накарда, ба ихтиёри шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз супурданд. Дар ин макони хушманзара ва фараҳафзо, ки дар соҳили рӯдхонаи кӯҳӣ ҷойгир аст, барои наврасон  шароити хуби истироҳатӣ муҳайё аст. Дар ин ҷо тамоми шароит барои ба варзиш машғул шудан, тамошои филмҳо ва сайру саёҳат мавҷуд мебошад. 
Дар назди истироҳатгоҳ мамнӯъгоҳи  «Сайёд» ҷой гирифтааст. Дар он ҳайвоноти гуногун, аз ҷумла  оҳувони нодир  ва даҳҳо  намуди парандагон сукунат доранд. Наврасон бо олами наботот ва ҳайвонот низ шиносоӣ пайдо менамоянд. 
 Ба гуфтаи Бегиҷон Алиев, раиси Ҷамоати деҳоти Сағирдашт,   дар аёми таътили тобистона хонандагони 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии водии Вахё дар лагери истироҳатии рустои Сағирдашт, ки дар домони  ағбаи Хобурубот воқеъ гардидааст ва мавзеи Қалъаи Ҳусайн истироҳат менамоянд. Ҳамзамон, онҳо ба волидонашон дар корҳои хоҷагӣ, аз ҷумла ҷамъоварии рустанӣ ва гиёҳҳо, аз қабили зира, зелолу ғураҳои ангат кумак мерасонанд. Як қисми дигари наврасон ба истироҳатгоҳҳои вилоятӣ фиристода шудаанд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
«Ҷумҳурият».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 219

23.07.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Эрлан Абдилдаев

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ

Баррасии самтҳои муҳими ҳамкорӣ бо UNIDO

Боздиди 370 ҳазор сайёҳ аз вилояти Суғд

Дар Данғара моҳи сентябр навбати аввали корхонаи “ТК Ойл” ба кор дароварда мешавад

Маводи нашъаовар. Мусодираи беш аз 2 тоннаву 700 килограмм дар шаш моҳ

Р. Мирбобоев: "Талаби маблағ аз волидон манъ аст"

Ҷоми Осиё. Сулаймони Ҷамшед сазовори медали тилло

20.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Йоҳаннес Петерлик

Тоҷикистону Ӯзбекистон: хироҷи роҳ аз байн меравад

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмуни стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард

Ҳамаи хатмкардагон бо ҷои кор таъмин мешаванд

РУСТАМИ ШОҲМУРОД: "ВОҲИДҲОИ КОРӢ НАМЕРАСАНД"

ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН. САТҲИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН БОЛО МЕРАВАД

ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. САБАБИ БОЛОРАВИИ НАРХИ СӮЗИШВОРИРО ШАРҲ ДОД

КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. САНҶИШ НИШОН ДОД, КИ...

ДДТТ ДАР ҚАТОРИ ДАҲГОНАИ БЕҲТАРИН МАКТАБҲОИ ОЛӢ

НАВОБОД. ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ БОНКӢ

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед