logo

Хабарҳо

«ЧАЙКА» маҳбубтар мегардад

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истироҳати тобистонаи наврасон ва кӯдакон  аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамояд. Айни ҳол, дар миқёси ҷумҳурӣ теъдоди истироҳатгоҳҳо барои кӯдакону наврасон зиёд гардида, сатҳи хизматрасонӣ дар ин самт тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.

Истироҳатгоҳи «Чайка» - и назди Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм соли 1932 таъсис ёфтааст. Ҳадаф аз таъсиси он солимгардонии наврасон, фарогирии кӯдакони ятиму бепарастор, маъюб, фарзандони кормандони ташкилоти буҷавӣ ва бачагони лаёқатманд аз оилаҳои камбизоат ба фароғати тобистона мебошад.
Маҳмадшариф Шоев, директори истироҳатгоҳ, изҳор дошт, ки дар басти аввал  320 нафар кӯдакону наврасон  ва дар басти дуюм 350 нафари дигар ба фароғат ҷалб гардиданд. Тибқи нақшаи имсола дар панҷ баст 1600 нафар кӯдак ба истироҳат  фаро гирифта мешавад.
Тибқи иттилои Рамазон Одиназода, раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи  маориф ва илм, дар мавсими имсолаи истироҳатӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар 3777 лагеру истироҳатгоҳ, 36 лагери беруназшаҳрӣ, 1195 лагери наздимактабӣ, 41 истироҳатгоҳи меҳнатӣ, 314 парваришгоҳи варзишию солимгардонӣ, 1491 истироҳатгоҳи таълимию  фароғатӣ ташкил шудааст.
Ҳамзамон, барои мураббиён ва кормандони лагерҳои истироҳатӣ  аз ҷониби маркази таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илм  як қатор дастурҳои методӣ  омода  гардиданд. Бино ба гуфтаи Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илм, вазорат ҳамкориҳои худро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру  ноҳияҳо ва ташкилоту идораҳои дахлдор ҷиҳати ташкили истироҳати  тобистонаи  кӯдакон ва  самаранок  гузарондани  корҳои тарбиявӣ, ҳамчунин, риояи низоми санитарию гигиенӣ хуб ба роҳ мондааст.
Раҳматулло КАРИМОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 134

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед