logo

Хабарҳо

РАШТ. Беш аз 200 гектар замин аз нобудшавӣ раҳо ёфт

Пӯшида нест, ки қисми зиёди заминҳои ҳамворро дар минтақаи Раштонзамин ҳавзаи дарёи Сурхоб ишғол менамояд. Ҳанӯз замони давлати қудратманди шӯравӣ ин масъала давлатмардони вақтро ба ташвиш оварда буд ва барои наҷоти ин заминҳои тахту ҳамвор чораҳои зарурӣ меандешиданд. Ҳамин иқдомҳо имконият фароҳам овард, ки беш аз 200 гектар замини соҳилидарёӣ ба ихтиёри кишоварзони водии Рашт дода шавад.
Тайи ду соли охир дар натиҷаи гармии ҳаво ва баланд гардидани сатҳи дарёи Сурхоб дар баъзе мавзеъҳои ноҳияҳои водии Рашт оби дарё аз соҳил гузашта, қисми зиёди заминҳоро вайрону хароб мегардонад. Чунин вазъ дар ҳудуди деҳаи Нимичи Ҷамоати деҳоти Ҷафр мушоҳида гардид. Сатҳи оби дарё хеле баланд ва ба шоҳроҳи Душанбе – Рашт - Лахш наздик шуд.
Баъди ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия расидани хабари мазкур ситоди фаврӣ ташкил карда шуд. Аъзои ситод, тибқи нақшаи тартибдода, ҳамон бегоҳ ба ҷои ҳодиса расида, бо сарварии раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшо Холиқ ба фаъолият пардохт. Дар натиҷаи талошҳои зиёд пеши роҳи харобкориҳои дарё гирифта шуд. Барои амалӣ гардидани ин амали хайр Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳм гузоштанд.
- Ин мавзеъ як сол боз таҳти назорати мост, - гуфт сардори муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои минтақаи Рашт Нуриддин Саидов. – Аз моҳи апрел то имрӯз дар масофаи 328 метр 3028 метри мукааб сангҳои калонҳаҷм рехта шуданд, аммо ғайричашмдошт рӯзҳои охир сатҳи дарё баланд шуд. Имшаб мо то дамидани субҳ таҳти сарварии раиси ноҳия дар масофаи 100 метр соҳилбандӣ кардем.
- Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт андешидани чораи фаврӣ на танҳо шоҳроҳро аз харобшавӣ наҷот дод, - мегӯяд сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия Абдураззоқ Саломов, - балки пеши роҳи харобшавии заминҳои кишоварзиро гирифт. Агар оби дарё ба он тарафи шоҳроҳ мегузашт, ҷараёнаш суръати зиёдтар мегирифт, зеро он тараф сатҳи заминҳо паст аст. Хавфи вайроншавии 50 гектар киштзори картошкаву ғалла ва дигар намудҳои сабзавот, 13 гектар боғи навбунёд ба миён омада буд. Ҳатто чанд хонаи поёни деҳа низ хисороти ҷиддӣ медиданд. Хатари зери об мондани беш аз 200 гектар заминҳои кишоварзию ғайрикишоварзӣ ва чарогоҳҳо аз эҳтимол дур набуд.
- Сарҷамъона пеши роҳи фалокатро гирифта тавонистем. Мехостам ба соҳибкор, собиқадори меҳнат ва паҳлавони номдори ноҳияамон, марди ба ору номус Қутбиддин Исломов, ки роҳсозонро бо маводи сохтмонӣ таъмин намуд, изҳори миннатдорӣ намоям. Итминони комил дорам, ки мардуми кишварамон дар муттаҳидӣ метавонанд пеши роҳи ҳар гуна вайронкориро бигиранд ва корҳои ободониро бо мақсади таъмини зиндагии шоиста вусъат диҳанд, - гуфт Лоиқзода Қаноатшо.
Х. ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 145

22.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Владимир Воронков

Баргузории ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии ИДМ

Боздиди ҳайати кормандони Сафорати Тоҷикистон аз шаҳраки саноатӣ

Ҳамлаи хунин ба меҳмонхонаи Intercontinental дар Кобул

Хазинаи байналмилалии асъор: «Иқтисоди Русия рӯ ба болоравист»

«Ҷабҳат ан – Нусра» дар Идлиб ба муҳосира гирифта шуд

Ба ҳадди рекордӣ расидани пасандози русиягиҳо

Дар Шведсия бокси ҳирфаиро эҳтимол манъ созанд

18.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо сафири тозатаъйини Озарбойҷон

Ҷамъомади муҳим дар Кумитаи рушди маҳал

Супурдани эътимоднома ба Президенти Беларус

Самтҳои асосии рушди туризм матраҳ гаштанд

Шиносномаи Тоҷикистон дар сархати 81-уми раддабандии байналмилалӣ

Дар Аврупо бидуни Русия сулҳу субот нахоҳад буд

Президенти Миср: «Баҳори арабӣ» ба «хазон шудан» - и 1,4 миллион нафар сабаб гашт»

YouTube тавассути технологияҳои нав 98 дарсади видеоҳои экстремистиро ошкор сохт

Дар баҳри Миёназамин 1400 муҳоҷир наҷот дода шуд

Арманистон минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд менамояд

Истифодаи партовҳои электронӣ барои ороишоти заргарӣ

16.01.2018


Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Найтхарт Хёфер Виссинг

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад»

Баргузории конференсияи сайёҳӣ дар Кӯлоб

Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

ХУҶАНД. Корхонаи истеҳсоли велосипед бунёд мешавад!

Ҷаҳон дар як сатр

Президенти Афғонистон артиши кишварашро бидуни ёрии ИМА нотавон хонд

Сипосгузории Трамп аз Қатар барои «мубориза бо терроризм»

Қазоқистон содироти газро ба Чин афзун мекунад

Испания дувумин кишвари сайёҳии дунё шуд

Дар Арабистони Саудӣ баъди 35 сол кино намоиш медиҳанд

Разведкаи ИМА: «Киштии зериобии «Сан – Хуан» дар они воҳид таркид»

15.01.2018


Баррасии масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар

Мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод ва Леонид Заятс

Ҳамоиш бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед