logo

иҷтимоиёт

ОФАТҲОИ ТАБИАТ. ЗАРАРДИДАГОН АЗ ДАСТГИРИВУ ИМТИЁЗҲО БАРХӮРДОРАНД

Ҳамасола дар гармои тобистон бар асари  баланд шудани ҳарорати ҳаво дар  минтақаҳои гуногуни вилоят, аз ҷумла дар қисмати ғарбии Помир, на танҳо дарёҳои Панҷ, Хумбов, Ванҷоб, Язгуломоб, Бартангу Ғунду Шохдара, ҳамчунин, рӯдхонаҳои кӯҳӣ низ бо об шудани  барфу пиряхҳо сероб гашта, аз соҳилҳои худ мебароянд ва ба аҳолӣ хисороти зиёд мерасонанд.
Чанд рӯз пеш бинобар сероб гаштан дарёчае, ки аз миёни деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон  ҷорист, ба пули мошингузари Хоруғ - Мурғоб  ва як қисми  киштзори мардуми деҳа зарари ҷиддӣ расонд. Ҳамчунин,  ҳамин рӯзҳо бар асари сели калоне, ки  аз пуштаю дараҳои қаламрави  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон омада, маҷрои  дарёи Панҷро баст, 22 манзили истиқоматӣ ва   се гектар киштзори сокинони деҳаи Хостави Ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз зери об монданд. Ба ғайр аз ин, дар деҳаи Ширговади ҳамин  ҷамоат низ аз ҳудуди кишвари ҳамсоя сел омада, маҷрои ин рӯди азимро чанд дақиқа баст. Дар натиҷа  як оила бесарпаноҳ монда, манзили истиқоматии се хонавода қисман вайрон шуд. Қариб ҳафтсад метр роҳ  таги об монда, ҳаракати нақлиёт дар қитъаи Кӯлоб - Дарвози шоҳроҳи байналмилалии мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Мурғоб – Қулма қатъ гардид. Ҳоло мошинҳо тариқи роҳи ағбаи Хобурубот ҳаракат мекунанд.
Ба ҷои ҳодиса  дар соатҳои аввалини сар задани офати табиат  муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед, раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон, кормандони  ниҳодҳои  ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи  гражданӣ, идораю муассисаҳои масъул  ва мардуми дигар деҳаҳо омаданд. Сокинони зарардида ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуда, бо маводи озуқаворӣ ва дигар молҳои мавриди ниёзи аввали рӯзгор  таъмин гардиданд.  Барои зарардидагони  ин офати табиӣ дар мавзеъҳои Яхчисор ва Овчук ҷиҳати бунёди  манзилҳои истиқоматӣ  аллакай замин ҷудо карда шуд.
Баҳри рафъи пайомад ва  пешгирии  офатҳои дигари табиат аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ ва кормандони  ташкилоту идораҳои масъул тадбирҳои фаврӣ роҳандозӣ мешаванд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2017    №: 145    Мутолиа карданд: 408

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»

Прокурорҳои генералии СҲШ мубориза бо нашъафурӯшӣ ва қочоқро баррасӣ намуданд

Таъкиди сарвазири Гурҷистон аз зарурати беҳсозии муносибат бо Россия

Ҷаҳон дар як сатр

01.10.2019


Тоҷикистон 48 зиндониро ба Афғонистон интиқол дод

Намояндагони комиссияи Аврупо барои музокирот ба Беларус мераванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед